Фурқат Саид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фурқат Саид
Фурқат Саидзода
Ном ба ҳангоми таваллуд Саидов Фурқатулло Фатҳуллоевич
Таърихи таваллуд 5 октябр 1967(1967-10-05) (56 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шаҳринав, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон, мақомсаро, оҳангсоз
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2013)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2021)
Ҳофизи халқии Ӯзбекистон (2024)[1].

Фурқати Саид (Саидов Фурқатулло Фатҳуллоевич; зод. 5 октябри 1967, деҳаи Қади Ҷӯйбор, ноҳияи Шаҳринав) — овозхон, мақомсаро[2], оҳангсоз ва мусиқидони тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2013), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2021)[3], Ҳофизи халқии Ӯзбекистон (2024)[4].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Фурқати Саид соли 5 октябри соли 1967 дар деҳаи Қади Ҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст. Солҳои 1986—1992 дар шуъбаи овозхонии анъанавӣ факултаи мусиқии тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дониш омӯхтааст[5].

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти ҳунариашро аз соли 1992 ба сифати овозхон дар ансамбли «Ҷаҳоноро» оғоз намуда, солҳои 2004—2005 ҳунарманди ансамбли «Дарё», 2005—2007 сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқии Телевизиони Тоҷикистон ва аз соли 2007 то кунун ба ҳайси роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон кор мекунад.

Таронаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сурудҳои классикӣ ва халқиро хуб адо мекунад. «Ушшоқи Ҳисор», «Талқинчаи Сабо», «Мустазоди Рок», «Ушшоқи Хуқанд», «Савти Чоргоҳ» барин шохаҳои овозии «Шашмақом»-ро бо сабки хос суруда, ба хазинаи Радиои тоҷик ворид сохтааст. Мусаннифи чандин суруд, аз қабили «Зиндагӣ», «Эй Ватан», «Соҳибдилон», «Риштаи умр», «Ҳасрати дил», «Эй ёраки ҷон», «Интизорӣ», «Ба дӯст», «Дигар аст», «Ёди ту кунам», «Бекасӣ», «Сирри пинҳон», «Худо расид», «Эй санам», «Гули себ», «Танҳоӣ», «Бинои ишқ», «Шоми фироқ», «Масти шароб», «Ғарибӣ», «Шабнами гулҳо», «Риштаи ҷон», «Дил меравад», «Эй парӣ», «Янгамо», «Мутриби ишқ», «Шаби боронӣ», «Дили мо» ва ғайра мебошад[6].

Маҷмӯъаи чанде аз оҳангҳояш бо номҳои «Мутриби ишқ» (2015) ва «Навои андалеб» (2020) ба нашр расидаст.

Сафарҳои ҳунарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба кишварҳои Русия, Эрон, Озарбойҷон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қазоқистон ва Амрико сафари ҳунарӣ намудааст. Иштирокдори ҷашнвораи байналмилалии Шашмақом (Ню-Йорк, 2016) ва Фестивали байналмилалии Шашмақом (Конибодом, 2017) аст[5].

Доварӣ дар «Навоҳанг»[вироиш | вироиши манбаъ]

Фурқати Саид ба унвони довар дар фасли чаҳоруми мусобиқаи «Навоҳанг»- телевизиюни «ifilm2»-и Эрон дар поёни соли 2023 дар канори Ориф Ҷаъфарӣ ва Шоҳрасул Қосимӣ ҳузур дошт[7].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо медали «Хидмати шоиста» (2007)[5], унвони ифтихории «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» (2013)[6] ва унвони ифтихории «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» (2021)[3] қадр шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20240418/az-yulduz-usmonova-to-furati-said-tadimi-unvoni-ofizi-halii-toikistonu-zbekiston-ba-10-sanatkori-du-kishvar
  2. موسیقی شنیدنی تاجیکی با صدای «فرقت سعید» آوازخوان نامدار تاجیکستان(форсӣ). آیفیلم. ifilm (3 апрели 2020). 18 Январ 2024 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 Овозхонҳо унвону мукофот гирифтанд: аз Саидзода то Соҳиба ва Аловатову Назриев - аксҳо(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (18 августи 2021). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
  4. https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20240418/az-yulduz-usmonova-to-furati-said-tadimi-unvoni-ofizi-halii-toikistonu-zbekiston-ba-10-sanatkori-du-kishvar
  5. 5.0 5.1 5.2 Мирсаид Сатториён. Асрори зиндагии Фурқати Саид(тоҷ.). oila.tj. «Оила» (17 августи 2020). 18 Январ 2024 санҷида шуд.
  6. 6.0 6.1 Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  7. اجرایی زیبا از «فرقت سعید زاده» داور تاجیکستانی «نواهنگ4»+ویدیو(форсӣ). آیفیلم. ifilm (30 Декабри 2023). 18 Январ 2024 санҷида шуд.