Jump to content

Хайрулло Асоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хайрулло Асоев
Таваллуд 1956

Хайрулло Асоевич Асоев — ходими давлатӣ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хайрулло Асоевич Асоев 25 марти соли 1956 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1978 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 1988 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкентро бо иҳтисоси ташкилотчии ҳизбӣ хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро соли 1978 аз вазифаи усто Раёсати сохтмони «Роғунгэсстрой» оғоз намуда, баъд то соли 1984 дар вазифаҳои саркор, саркори калон, сардори қитъаи Раёсати мазкур кор кардааст.

Солҳои 1984-1990 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ дар ноҳияи Файзобод, шунавандаи мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкент ва котиби озоди кумитаи ҳизбии сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун фаъолият намудааст. Солҳои 1990-2004 дар вазифаҳои гуногуни муҳандисию техникӣ ва роҳбарӣ Раёсати сохтмони «Роғунгэсстрой» кор кардааст.

Солҳои 2004-2009 ба ҳайси сармуҳандиси Раёсати сохтмони «Монолит-3» Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Монолитстрой» ва сардори департаменти сохтмон, робитаҳои беруна ва маркетинги Ҷамъияти саҳомии «Корпорация Сомон Душанбе» адои вазифа намудааст.

Аз соли 2009 муовини якуми Директори генералӣ ва аз моҳи январи соли 2010 то ҳол дар вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Роғунгэсстрой» фаъолият менамояд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.[1]