Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ
Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ — Хона-музейи яке аз бузургтарин олимон ва шоирони равияи тасаввуфи халқи тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Тоҷикистон воқеъ аст.
21 марти соли 2022 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мақбараи Ҷалолиддини Балхиро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ифтитоҳ намуданд. Пас аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи «Мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ», «Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.[1].
Хона-музей ҷиҳати ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихии миллати кӯҳанбунёди тоҷик, гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохта шудааст.
Масоҳати Хона-музей 1000 метри мураббаъ ва баландии он 3,5 метр мебошад. Дар рафти корҳои сохтмон беш аз 45 нафар сохтмончӣ ба кор ҷалб карда шуда, Хона-музей бо дарназардошти унсурҳои қадимаи шаҳрсозии халқи тоҷик бунёд ёфтааст.Сутун ва дари хонаҳо бо санъати баланд кандакорӣ шуда, диққати ҳар бинандаро ҷалб месозанд. Хонаи рамзии Мавлоно аз ҳавлии дарун ва берун иборат мебошад. Дар пешайвони даромадгоҳ аз дохил шоҳбайти Мавлоно ҳаккокӣ гардидааст.
Бахши аввали хонаро “Ҳавлии берун” ташкил медиҳад. Дар байни ҳавлии берун сутуни кандакоришуда гузошта шудааст, ки он рамзи анҷоми рақси “Самоъ” аст. Аз тарафи рости даромад ба “Ҳавлии берун” “Дарсхона” ҷойгир аст, ки аз ду тиреза ва як меҳроб иборат аст. Хона бо усули анъанавии аҷдодӣ гиландова ё андова бо коҳгил сохта шудааст. Дар идомаи “Дарсхона” хонаи зисти Мавлоно ҷой гирифтааст. Хона аз ду бахш иборат аст. Даҳлез дорои тоқчаҳо, ҷойи хӯрокпазӣ ва обҷӯшонӣ мебошад, ки ҳама аз гач сохта шудаанд. Бахши дуюм, ки нақши ҷойи истироҳатро дорад, аз сандалӣ ва тахтмон иборат мебошад. Дар ин хона чанд намуна аз кӯрпаву болишт ва либосҳои мардонаи давраи зиндагии Мавлоно гузошта шудааст. Аз тарафи чапи даромадгоҳи ҳавлии беруна китобхона ҷойгир аст. Китобхона асосан бо сандуқҳо барои нигаҳдории китобҳо гузошта шудааст. Қисмати дохили ин хона тиреза надорад ва фаршаш ҳамвор аст, бо як дари хурд ва як равзана барои додани ғизо аз хонаи берун ҷудо шудааст. Ин манзил вазифаи “Чиллахона”-ро иҷро мекунад. Хонаи берунаи назди “Чиллахона” барои нишаст бо гилем ва кӯрпачаҳо оро дода ёфтааст.
Ҳавлии дарун ё дуюм, ки дорои саҳни васеъ мебошад, бо ду дарахти тути сафед дар марказ ва гул оро ёфта, дар деворҳо токчаҳо барои шамъчароғ ё пилтачароғ насб шудаанд. Саҳни ҳавлӣ давраи зиндагии Ҷалолиддини Балхиро бозгӯ менамоянд. Аз тарафи рости даромадгоҳи ҳавлии дарун меҳмонхона ҷой гирифтааст. Хона гиландова шудааст. Дар охири хона (самти шимолӣ) токчаҳо ва тахтмон барои рахти хоб аз гач сохта шудаанд. Дар охири ҳавлии дарун хонаҳо барои зист, ки аз ду бахш “Мардона ва “Занона” иборат мебошанд, ҷой гирифтаанд. Хона барои занҳо аз даҳлез бо пешайвон, хонаи нишаст ва дарун, ки дорои тахтмон мебошад, иборат аст.
Хонаи мардона низ аз даҳлез, хонаи берун ва хонаи дарунӣ иборат мебошад. Ин хонаҳо бо гилем, қолинҳо ва кӯрпачаву болиштҳои мувофиқ ба замони Мавлоно оро дода шуда, дар деворҳои он намунаҳои гуногуни либосҳои мардонаву занонаи ҳамон давр овехта мешаванд. Даромадгоҳи хонаҳои мардона ва занона аз ҳам ҷудо, дар самтҳои гуногун ҷойгиранд. Аз тарафи рости даромади ҳавлии дарун ошхона ва танӯри нонпазӣ ҷой гирифтанд.
“Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ» намои қадимаро ба худ касб карда, он тарзу усули зиндагонии аслии давраи гузаштаи адиби халқи тоҷикро муаррифӣ мекунад. [2].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ www.khovar.tj. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мақбараи Ҷалолиддини Балхиро ифтитоҳ намуданд(тоҷ.) (21 марти 2021). 24 марти 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 марти 2022.
- ↑ www.khovar.tj. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Хона-музейи Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд(тоҷ.) (21 марти 2021). 24 марти 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 марти 2022.