Jump to content

Ҷалолуддини Балхӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷалолиддини Балхӣ)
Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Румии Балхӣ
форсӣ: جلال‌الدین محمد بلخی
Ном ба ҳангоми таваллуд: Муҳаммад ибни Муҳаммад ибн Ҳусайн Ҳусайни Хатиби Бакри Балхӣ
Тахаллусҳо: Мавлоно, Мавлавӣ
Таърихи таваллуд: 30 сентябр 1207(1207-09-30)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 17 декабр 1273(1273-12-17) (66 сол)
Маҳалли даргузашт: Қуния
Навъи фаъолият: шоир, ориф
Самт: суфӣ, тасаввуф
Забони осор: форсӣ[2], арабӣ[3], туркии онотулии қадим[d] ва юнонии бизонсӣ[d]
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор[1]
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ (форсӣ: محمد ابن محمد ابن حسین حسینی خطیبی بکری بلخی‎; 30 сентябр 1207[4][5][6]17 декабр 1273[7][4][5][…], Қуния, Салҷуқиёни Рум[8]) маъруф ба Румӣ, Мавлоно ва Мавлавӣ — ориф, сӯфӣ, мутафаккир, нависанда ва шоири форс-тоҷик, бунёнгузори равияи мавлавия.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ном Аҳмад Ҷалолуддин тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Қуния, назди Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро азхуд мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст. Бузургтарин асари ӯ «Маснавии Мавлавӣ», ки соли 1259 ба навиштан ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10-сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзӯи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.

Мақбара ва осорхонаи Мавлонои Балхӣ дар Куния

Зиндагиномаи Мавлоно дар адабиёт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз китоби Абдулҳусайни Зарринкӯб «Бо корвони ҳулла»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вай Ҷалолуддин Муҳаммад (эзоҳ:дар асар бо номи Ҷалолуддин зикр ёфтааст) ном дошт ва дар ҳудуди соли 604-и ҳиҷрӣ дар Балх ба дунё омад. Падараш Баҳоуддин Валад воизе буд забоновару хушбаён, ки ба сӯфия гароиш дошт ва маҷмӯае аз мавоизи ӯ ҳамакнун боқист ва «Маорифи Баҳоуддин» ном ёфтааст. Ин Баҳои Валад дар Балх маснади тадрису фатво бо муридону дӯстони бисёр дошт ва ӯро Султон-ул-уламо низ мехонданд. Балх дар он замон ҷузви қаламрави фармонравоии Хоразмшоҳ буд ва Баҳои Валад дар он ҷо ба ҳурмату ҳишмат (шукӯҳу ҷалол) мезист. Аммо аз Хоразмшоҳ ранҷише ёфт, ки сабаби он дуруст маълум нест. Шояд вуҷуди имом Фахри Розӣ, як воизи дигар, ки бо сӯфия миёнае надошт ва шоҳ бад-ӯ дил баста буд, вайро аз ӯ озурдахотир дошта буд. Ва шояд низ бад-он ҷиҳат, ки султони Хоразм бо халифаи Бағдод дил бад карда буд, Баҳои Валад мисли бисёре дигар аз мусалмонони вақт аз вай ранҷида буд. Дар ҳар ҳол, воизи Балх ҳангоме ки писараш Ҷалолуддин кӯдаки хурдсол буд, аз Балх берун омад. Чанде дар ҳудуди Вахшу Самарқанд мебуд, он гоҳ азимати ҳаҷ кард. Аз роҳи Нишопуру Бағдод ба Ҳиҷоз рафт ва дар бозгашт аз Макка якчанд муддат ба Шом шуд. Ҳангоме ки Хоразму Мовароуннаҳр ба дасти муғул афтода буд ва Хоразмшоҳ саргаштаву дар ба дар аз пеши сипоҳи душман мегурехт, Баҳои Валад дар Арзинҷон ва Сивос (шаҳре дар Рум) ба Осиёи Сағир буд. Чанд соле низ дар он шаҳр ва Лоранда ба сар бурд ва дар ин замон писараш Ҷалолуддин бешу кам ҳаждаҳсола буд. Дар муддати иқомат дар Лоранда буд, ки модари Ҷалолуддин — Муъминахотун вафот ёфт ва Ҷалолуддин ҳам ба ишорати падар Гавҳархотун — духтари Шарафуддини Лолоро ба занӣ гирифт. Чаҳор соле баъд аз ин воқеа Баҳои Валад ба хоҳиши султони салчуқии Рум Алоуддини Кайқубод раҳ ба Қуния кашид ва он ҷо монд то ду соле баъд, ки ҳам дар Қуния вафот ёфт. Ҳангоми вафоти падар Ҷалолуддин, ки ҷавони бисту чаҳорсола буд, ба хоҳиши муридон маснади тадрису минбари вазъи Баҳои Валадро ишғол кард ва ба ҷои падар нишаст. Як соле аз вафоти Баҳои Валад гузашта буд, ки Бурҳони Муҳаққиқ — Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, аз муридони қадим ба шавқи дидори Шайх ва устоди хеш ба Қуния омад. Аммо устод мурда буд ва писараш Ҷалолуддин, ки худ маснади тадрису фатво дошт, дасти иродат ба вай, ба ин шогирду муриди падар дод ва Сайид Муҳаққиқ Ҷалолуддини ҷавонро таҳти иршоду тарбияти хеш гирифт. Чанде ӯро ба Ҳалабу Димишқ фиристод ва андак-андак бо маорифи сӯфия ошноии тамом дод. Баъд аз марги Бурҳони Муҳаққиқ, ки зоҳиран ба соли 638 рӯй дод, Ҷалолуддин якчанд аз суҳбати пире маҳрум монд. Муридон бар вай ҷӯшиданд ва ҳавзаи вазъу тадриси ӯ равнақе ёфт. Соли 642, ки Шамси Табрезӣ ба Қуния омад ва ошноӣ бо ӯ сарнавишти ин муфтиву мударриси ҷавони Қунияро, ки худ шогирдону муридони бисёр дошт, дигаргун кард. Ин дарвеши шӯридаи бесару сомон, ки ба сабаби чаҳонгардиҳои хеш Шамси паранда хонда мешуд, дар ин айём бо кулоҳи сиёҳу ҷомаи жандаи қаландаронаи хеш ба Қуния даромада буд ва дар хони шакарфурӯшон хона гирифта буд. Достони бархӯрди ӯ бо Ҷалолиддин, ки зоҳиран як бор низ вайро дар Димишқ дида буд, дар китобҳо бо каромоти шигифти боварнакарданӣ омехта аст. Ин қадар ҳаст, ки вай таваҷҷуҳи Мавлоноро аз истиғроқ дар баҳсу дарс ба истимрор дар завқу кашф кашонид ва беҳосилии илмеро, ки аз қилу қоли мадраса ҳосил мешуд, бар вай намоён кард. Суҳбати Шамс, ки мақолоти ӯ ҳокӣ аз жарфбиниҳову нуктасанҷиҳои ӯст, Мавлоноро чунон маҷзуб кард, ки кори дӯстии вай бо Шамс ба навъе шефтагӣ мунҷар гашт ва Мавлавиро, ки марди баҳсу дарсу ваъз буд, дар чиҳилсолагӣ муаллими ишқи вай шоирӣ омӯхт. Ин нуктаву тағайюре, ки дар аҳволи муфтиву мударриси маҳбуби Қуния падид омад, шогирдону муридони вайро бо Шамс душман кард.[9] Дар ҳақиқат, аз суҳбати ин дарвеши шӯридаи бесомон чунон инқилобе дар вуҷуди Мавлоно падид омад, ки дарсу ваъзро каноре ниҳод ва ба тарки маснади тадрису фатво гуфт. Соатҳову рӯзҳо бо Шамс хилват мекард ва ба ҷои намозу рӯзаву ваъз ба самоъу рақсу ваҷд мепардохт ва бад-ин гуна аз шайху шайхзодаи Қуния ҷуз дарвеше шӯридаву беором намонд. Ин амр сабаби хашму норизоии муридони Мавлоно гашт. Муриду муродро сарзанишҳо карданд ва махсусан, Шамсро ҷодугар хонданду таҳдид карданд. Шамс ночор чанде аз Қуния ғайбат кард ва ба Димишқ рафт. Мавлоно як писари хеш — Султон Валадро дар паи ӯ фиристод ва ӯро ба Қуния боз овард. Аммо ин таҷдиди суҳбат тӯле накашид ва Шамс ба ногоҳ боз нопадид шуд. Баъдҳо шоеъае падид омад, ки Шамс ба дасти муридони Мавлавӣ кушта шуд. Гуфта шуд, ки Алоуддин — писари дигари Мавлоно низ дар ин тавтиа дасте дошт. Аммо ин шоеъа дар осори Мавлавӣ мунъакис нест. Мегӯянд ин воқеаро аз Мавлоно пинҳон доштанд ва ӯ ба ҳамин ҷиҳат то поёни умр аз дидори Шамс навмед нашуд ва ду бор низ ба талаби ӯ азимати Шом кард. Ва албатта, аз он гумшуда нишоне наёфт. Дар сурате ки ҷасади ӯро баъд аз Мавлоно аз чоҳ берун оварданду дафн карданд. Албатта, агар ин воқеа рӯй додааст, чун Мавлоно аз он ҳаргиз огоҳ нашудааст, шӯру шавқе, ки то поёни кор нисбат ба Шамс нишон додааст, аҷаб нест. Аммо агар Султон Валад низ дар китоби хеш бо ин фоҷиа ишорат накардааст, лобуд барои он будааст, ки намехостааст номи бародар ва шуҳрати муридони падарро олуда кунад, бо ин ҳол ин нукта, ки дар ҳалқаи ёрони Мавлоно қатл воқеъ шуд ва бо вуҷуд мухолифони вай — шаҳнаву қозӣ ба таҳқиқ дар он напардозанд, ғариб менамояд ва сиҳати асли ривоятро машкук (шубҳаовар) месозад. Боре, ғайбати ногаҳонии Шамс Мавлавиро беш аз пеш ба дунёи ишқу ҳаяҷон кашонид. Чунон ки маснади ваъзу тадрисро яксара тарк кард ва бар хилофи интизори муридон аз он пас Мавлоно худро ба куллӣ таслими ваҷду самоъ кард ва ғазалҳои «Девони Шамс» ёдгори ин шӯру ҳаяҷони рӯҳонии ӯст.[9]

Чанде баъд аз ғайбати Шамс Салоҳуддини Заркӯб дили Мавлоноро рабуд ва Ҷалолуддин бо ҳамон шӯру гармӣ бо ин муриди омию содаи хеш дил баст ва ӯро бо вуҷуди нохурсандиҳои муридон ноибу халифаи хеш кард. Муридон ин бор низ биранҷиданд ва ҳатто, дар садади қатли Салоҳуддин баромаданд. Аммо Мавлавӣ аз изҳори шавқу муҳаббат дар ҳаққи ин Заркӯби Қуния бознаистод. Духтари ӯ Фотимахотунро барои писари хеш Султон Валад гирифт ва худи ӯро то зинда буд, муддати даҳ сол, тавозӯъ ва такрими беҳад мекард. Чунон ки баъд аз ӯ низ Ҳисомуддини Чалабӣ  то поёни умри Мавлоно маҳбубу муриду муроди ӯ буд ва ҳамин дӯстиву шефтагии бепоён буд, ки «Маснавӣ»-и азими маънавиро ба вуҷуд овард. Чунон ки ёди Салоҳуддини Заркӯб низ мисли хотираи Шамс дар ғазалиёти «Девони кабир» зинда шуд.[9] Дар Қуния Мавлоно ҳурмату ҳишмати тамом дошт. Подшоҳони салҷуқии Рум, хосса, Иззуддини Кайковус ва Рукнуддини Қалиҷ Арслон нисбат ба ӯ иродат меварзиданд. Муъинуддини Парвона ба маҷлиси ӯ рафту омад мекард ва ҳадяву ниёз медод. Садруддини Қунавӣ — орифи номдори вилоят дар ҳаққи вай такрими бисёр мекард. Сироҷуддини Армавӣ, ки аз донишмандони баноми аср буд, дар вай ба чашми бузургӣ медид. Фахруддини Ироқӣ ва Наҷмуддини Розӣ суҳбати вайро муғтанам мешумурданд. Ҳатто, қавле ҳаст, ки Шайх Саъдӣ низ ҷиҳати дарки суҳбати ӯ аз Форс ба Рум омад. Ба ҳар ҳол, шак нест, ки дар Қуния Мавлавӣ ному овозаи баланд дошт ва маҷлиси ӯ гузашта аз муридону шогирдони бисёр ҳозирону мустамеъони номовару муҳташами дигар низ меёфт. Бо ин ҳама Ҷалолуддин марди бетакаллуф, сода ва некмаҳзар буд. Бештар бо дарвешону пешаварон нишасту бархост дошт ва дар муомила бо муҳташамон густоху бепарво буд. Бо вуҷуди лоғариву зардрӯйи ҳишмату маҳобати қавӣ дошт. Агарчи либоси содаи сӯфиёна мепӯшид, мардум дар вай ба чашми аҳли ҳишмат медиданд. Бо ин ҳама, дар маҷлиси ӯ аз ҳар дастаи мардум роҳ доштанд. Ҳатто, як тарсои маст метавонист дар самоъи ӯ ҳозир шавад ва шӯру арбада кунад. Ва қассоби арманӣ, агар ба вай бармехӯрд, аз вай тавозӯъҳои шигифт медид. Дар бурдбориву шикебоӣ ҳавсалаи каммонанд дошт.

Толибилме, ки бо сӯфия душманӣ дошт, дар сари ҷамъ бо вай гуфт: «Аз Мавлоно нақл кунанд, ки ҷое гуфтааст „ман бо ҳафтоду се мазҳаб якеам“, оё ин сухан Мавлоно гуфтааст?», гуфт: «Оре, гуфтаам». Он мард забони таън бигшод ва Мавлоноро дашном дод. Мавлоно бихандид ва гуфт: «Бо ин низ, ки ту мегӯӣ, якеам», якрангиву сулҳҷӯии ӯ то бад-ин ҳадд буд ва бо ринду зоҳид ва габру тарсо чунин мезист. Дар ҷимодиюлохири соли 672-и ҳиҷрӣ дар поёни беморие, ки зоҳиран таби муҳарриқа буд, Мавлоно дар Қуния чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Шайх Садруддини Қунавӣ бар ҷанозаи вай намоз хонд. Ҷасади ӯро дар ҷавори турбати падараш, ки мавсум ба боғи Султон ё Ирамбоғча буд, дафн карданд. Биное ҳам ба номи «Қуббаи хазро» ба нафақаи бузургони аср ва муридон бар турбати вай падид омад. Он ҷо оромгоҳи хонаводагии аҳфоди вай шуд ва то кунун наздики панҷоҳ тан аз фарзандони вай дар он оромгоҳ осудаанд.[9]

Маҷассамаи Мавлоно дар Измир

Мавлоно Балхӣ аз нобеғагони назми классиикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. У инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ, ба ақидаи Мавлоно қодир аст, заминро ба осмон хешу табор гардонад.

Мероси адабии Мавлоно Балхӣ хеле пурсарват ва рангоранг аст. Он аз ҷиҳати нави сухан назму насро ташкил медиҳад. Девони Шамси Табрезӣ, ин дафтари ишқ ва суруди озодии ботинии инсон аст, ин нахмаи эъҷозҳоест, ки салтанати инсонро бар ҳастӣ, заминро бар коинот ишқро бар имон ҳаётро ба марг оштиро ба ҷанг таҳким медиҳад. Шубҳае нест, ки бештар аз ғазалҳои дилошуб ба диқатангези Мавлоно бештар дар маҷлисҳои рақсу саноъ кафзанию пойкубӣ дар зери навҳаи тарабангези дафу чангу рубоб дар суҳбати муносибату дӯстони мувофиқ суруда шуданд. Аз ин ҷост ки аз онҳо ҳамеша нағмаи зиндагӣ суруд ва тарабу хуши ба гӯши хуш мерасад. Шояд аз ҳаминҷост ки аксари ғазалҳои ӯ ҷамбаи ғаноӣ ва мусиқӣ доранд. Аз ваҷҳи муҳтавиёт ғазалиёти Мавлоно дар ишқу ошиқист. Валекин мавзӯъ дар ғазалиёти ӯ ба таври махсус сурат гирифтааст. Ишқи Мавлоно Балхӣ асоси модӣ дошт ва аз моддиёти заминӣ сарчашма мегирифт. Ҷалолуддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст. Ӯ бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст.

«Маснавии маънавӣ»

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Маснавии маънавӣ

«Маснавии маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон (Николсон) аз забони форсӣ ба забони англисӣ гардонидааст (солҳои 1925—1937), ки аз 25632 байт иборат аст. Дар Пажӯҳишгоҳи илмии шарқшиносии АИ Тоҷикистон маҳфуз аст, ки соли 1459 нашр шудааст.

«Маснавии Маънавӣ» аз шаш дафтар буда, чунончи: Замин-Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундариҷаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом аст. Ба ақидаи олимон чунин бармеояд, ки Мавлоно Балхӣ шаш дафтари «Маснавии Маънавӣ»-ро ба шаш пайғамбари мурсал ташбеҳ додааст. Одам (с), Нуҳ (н) Иброҳим (х) Мусо (к) Исо (р) Муҳаммад (с). Ҷалолуддин бо Ҳисомуддин, ки марди Ҳақ буд аз ин лиҳоз ба Ҷалолиддини Балхӣ бағоят наздик ва дусти хақиқӣ мешаванд. Бо маслиҳати Ҳисомуддин дар мудати 10-сол «Маснавии Маънавӣ»-ро менависад. Худи Ҷалолуддин дар ҳар як дафтараш Ҳисомуддинро зикр мекунад:

Эй Зиёулҳақ Ҳисомуддин туви,
Ки гузашт аз маҳ ба нурат «Маснавӣ».
«Маснавӣ»-ро чун ту мабдоъ будаӣ,
Тор фузун гардад, туяш
То нақши висоли дӯст бо мост,
Моро ҳама умр худ тамошост.
Он ҷо, ки висоли дӯстон аст,
В- оллоҳ, ки миёни хона саҳрост.
Он ҷо, ки муроди дил барояд,
Як хор беҳ аз ҳазор хурмост.
Макун эй дӯст ғарибам сари савдои ту дорам,
Ману болои манора, ки таманои ту дорам.
Зи ту сармасту хуморам хабар аз хеш надорам,
Сари худ низ нахорам, ки таманои ту дорам.
Дили ман равшану муқбил зи чи шуд, бо ту гуям,
Ки дар оинаи дил рухи зебои ту дорам.
Макун эй дӯст маломат бинигар рӯзи қиёмат,
Ҳама мавҷам, ҳама чу шам дури дарёи ту дорам.

Панду андарз аз ашъори Мавлоно Балхӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Панду андарз ташбеҳи одобу ахлоқ яке аз анъанаҳои хеле қадими форсу тоҷик аст. Ҳануз аз асрҳои 3 — 8 сарчашма гирифтааст. Аз он ҷумла омӯхтани эҷодиёти яке аз бузургони гузаштаи садаи XIII Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ қобили омӯзиш аст. Мавзӯи инсон чи Юнону Рум ҳам дар назми форсу араб зимнан дар осори нобиғаҳои ҷаҳони мавзӯъи маркази маҳсуб меёбад ва Мавлоно низ дар тарбияи ватандустӣ ва ватанпарварӣ тарбияи инсон саҳми босазо гузоштааст ва ӯ яке аз мумтози панду ахлоқ ба ҳисоб меравад. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар осори панду ахлоқи Мавлоно Ҷалолуддин пеш аз ҳама тарбияи инсон падид меояд. Аз ин рӯ таълимоти ахлоқии ӯ сар то сари андешаӽои инсондустӣ буда дар он мавзӯъи заҳматҳои инсон дар роҳи такомули руҳии худ мақоми хос дорад. Мавлоно кушиш ба хайр додаст, ки то мақому мартабаи инсонро баланд бардошта, бештар маънавии вайро баланд бардорад. Ба қавли мавлоно холиқи афоли худи инсон ва ҳар феъле, ки аз ӯ содир мешавад, марбут ба худи ӯст, яъне бовуҷуди овардаи рафтору кирдори худи инсон аст. Аз инҷо орифи бузург мефармояд:

То ту торику малулу тираи,
Дон ки бо деви лаъин ҳамшираи.
Чун зи луқма ту ҳасад бини давом,
Чахлу ғафлат зояд онро дон ҳаром.
Ҳеч гандум кориву чав бар диҳад,
Дидаи аспе ки куррай хар диҳад?

Яъне дар мисраи аввали ин ғазал устод мефармояд: то даме, ки дилсиёҳ, тираакл ҳасуд ва бадкирдор ҳасти дон, ки бо деву лаъин- иблис ҳамтан ҳамроҳ ва ҳамнишини. Дар мисраи дигар бошад ӯ мегӯяд, ки: Оё ҳеч дидаи, ки гандуми ба замин пошида ҳосили ҷав дода бошад? Оё ҳеч дидаи ки асп курхар зодааст? Чуноне ки дар бобати некию некноми бузургон фармудаанд:

Зиндаву ҷовид гашт ҳар ки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда бувад номи ӯ.

Дар ин мавзӯъ инчунин устод Ҷалолиддини Балхӣ низ диққати махсус дода ба он таваҷҷуҳ намудааст. Чуноне ки дар ҳикояи «Марди некукор ва аҳли Заврон» омадааст: Дар Заврон ном деҳа дар кишвари Яман марди накукоре зиндагь мекард, ки пайваста роҳе барои кумак ба дардмандону ниёзмандон пайдо мекард. Мекушид, ки дили онҳоро хуш кунад ва онҳоро аз ҳочатманди барорад.

Кулбаи дарвеш буди куи ӯ,
Омаданди мустамандон суи ӯ.

У ҳамеша, ки гандумро дарав мекард. Даҳяки онро ба нодорон медод ва чун гандуми боқимондаро орд мекард, боз даҳяки ордро ба ҳоҷатмандон медод. Ҳангоме, ки нон мепухт даҳяки нонро ба дигаррон мебахшид. Рӯзе фарзандони худро гирд оварда васият кард, ки мабодо ҳиссаи мискинон дармондагону бечорагонро фаромуш кунед. Агар ҳаққи фақиронро бидиҳед Худованд ҳам ба кишту меваи шумо меафзояд. Бо ин ҳама Худованд мукофоти некукоронро кафолат додааст ва агар касе аз даромади худу моли хеш нодоронро шарик кунад шак нест ки ҳоҷатманду гиритори мушкили нахоҳад шуд.

Эй гирифтори сабаб берун мапар,
Лек азали он мусабаб зан мабар.
Ӽарчи хоҳад он мусабаб оварад,
Қудрати мутлақ сабабҳо бардорад.

Ҳикоёт аз маснавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Кӯдаке дар пеши тобути падар,
Зор менолиду бармекӯфт сар,
К-«Эй падар, охир куҷоят мебаранд,
То туро дар зери хоке биспаранд.
Мебарандат хонаи тангу заҳир,
Не дар ӯ қоливу на дар вай ҳасир
Не чароғе дар шабу не рӯз нон,
Не дар он бӯи таому не нишон,
Не дарун маъмуру не сақфу на бом,
Не бар ӯ баҳри зиёе ҳеч ҷом.
Не дар он аз баҳри меҳмон оби чоҳ,
Не яке ҳамсоя, к-ӯ бошад паноҳ.
Ҷисми ту, ки бӯсагоҳи халқ буд,
Чун равад дар хонаи кӯру кабуд?
Хонае бе зинҳору ҷои танг,
Ки дар ӯ не рӯй мемонад на ранг»
З-ин насақ авсои хона мешумурд,
В-аз ду дида ашки хунин мефушурд.
Гуфт ҷӯҳū ба падар: «К-эй арҷманд,
Валлаҳ, инро хонаи мо мебаранд»
Гуфт ҷӯҳиро падар: «Аблаҳ машав»,
Гуфт: «Эй бобо, нишониҳо шунав!
Ин нишониҳо, ки гуфт ӯ як ба як.
Хонаи морост бетардиду шак.
Не ҳасиру не чароғу не таом,
Не дараш маъмуру на саҳну на oбом».

«Зиндаву ҷовид гашт ҳар ки накуном зист» бале доштани номи нек ин обрую мартабаи инсонро баланд мебардорад ва номи шахси накукору некрафтор абадист. Яъне тарбияи ахлоқии инсон ин худ доштани одобу ахлоқи хамидаи инсонист. Барои ҳамин ҳам ба мо ҷавонони содиқи ватан зарур аст, ки ҳиси масъулиятшиносиро дар худ бештар ҷалб кунем ва баҳри ободии ватани азизи худ саҳмгузор бошему ватанро дӯст дорем, яъне ба омузиши адабиёти ниёгони худ инчунин ба омухтани илмҳои дақиқ ва донистани забонҳои хориҷи майлу рағбати зиёд дошта бошем то Тоҷикистони азизи худро бо дигар давлатҳои мутараққии ҷаҳон баробар намоем.

Зодгоҳи Мавлоно куҷост?

[вироиш | вироиши манбаъ]

Чунин мунозира байни олимону мақомоти ҳукуматии Туркия давлатҳои форсизабон — Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба миён омадааст. Нигаред: «Маснавӣ» моли кист? Баҳси 4 кишвар бар сари мероси пири сӯфиён|бештар…

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Гулшани адаб.Ҷилди 2. — Душанбе: Ирфон,1975. — С. 60
  • Муҳаммадиқболи Садриддин. «Суханварони Балх» — С.64-91
  • Забебуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон… ҷ.3/2. — С. 1205—1207