Хорхе Као
исп. Jorge Cao | |
| |
Таърихи таваллуд: | 2 январ 1944 (80 сол) |
Зодгоҳ: | Кайбариен, Виля Клара, Куба |
Шаҳрвандӣ: | Куба, Колумбия |
Касб: | ҳунарпеша |
IMDb: | ID 0134870 |
jorgecao.com |
Хорхе Као (исп. Jorge Cao, тав. 2 январи соли 1944, Кайбариен, Виля Клара, Куба) — ҳунарпешаи кубӣ, ки аз соли 1994 инҷониб дар Колумбия зандагӣ мекунад[1][2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Вай соли 1964 дар Ҳавана санъати драмавиро омӯхт, аспирантураи Донишкадаи олии санъати ба номи Луначарскийи Маскавро хатм кард ва дотсенти факултаи синамо ва телевизиони донишкадаи Суперориор де Артеи Куба мебошад[3].
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Вай ба театр чунин намоишҳоро ворид кардааст: Melodía Marsoviana de Leonid Zorin, Cyrano de Bergerac de Rostand, El burgués gentilhombre de Molière, El Chino de Carlos Felipe, Fulgor y muerte de Joaquín Murrieta de Pablo Neruda, El día que me quieras de José Ignacio Cabrujas ва ғайраҳо.
Вай дар синамо дар филмҳои зерин нақш офаридааст: Plaf de Juan Carlos Tabio, Adorables mentiras de Gerardo Chijona, Sueño Tango de Guillermo Centeno, Amores de Lidia Mosquera, Puertas cerradas de Emilio Alcalde ва дигар лоиҳаҳо.
Ӯ аз соли 2003 то 2004 дар силсилафилми "Pasión de gavilanes" нақши бобои Норма (Данна Гарсия), Химена (Паола Рей), Сарита (Наташа Клаусс) ва падари Габриела (Кристина Лиллӣ)-ро бозидааст, ки ба ӯ маъруфияти бузург овардааст. Ин лоиҳа аз тарафи Ҳуго Леон Феррер таҳия шуда дар шабакаҳои Telemundo ва Caracol Television ба намоиш гузошта шудааст ва дигар ҳунарпешаҳои маъруф ба монанди Марио Симарро, Хуан Алфонсо Баптиста, Мишел Браун ва Хуан Пабло Шук низ ҳунарнамоӣ намудаанд.
Пас аз ин лоиҳа ӯро барои нақши манфии асосӣ Милкиадес дар теленовелаи "Te voy a enseñar a querer" даъват намуданд, ки бо Данна Гарсия, Мигел Варонӣ, Катерина Сиачоке, Мартин Карпан дар як саҳнаи банаворгирӣ кор кардааст.
Вай ҳамчун актёри филм ва телевизион мукофотҳои зиёдеро дар соҳаҳои зерин ба даст овардааст: Vanguardia Nacional de la Cultura Cubana (1985 - 1987), Ҷоиза барои беҳтарин бозигари нақш дар фестивали Латино дар Ню Йорк барои Plaff (1987), Ҷоизаи India Catalina барои беҳтарин бозигари хориҷӣ, Картагена де Индиас (Колумбия) (1996), ба ҷоизаи INTE пешбарӣ шудааст, ҳамчун беҳтарин бозигари нақши дар La venganza, ҷоиза барои El último matrimonio feliz (2009).
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вай моҳи феврали соли 2011 ба сактаи қалб гирифтор шуд ва аз он ба таври қаноатбахш сиҳат шуд.
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Телевизион
[вироиш | вироиши манбаъ]Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Plácido
- Tropicana
- Adorables mentiras
- Me alquilo para soñar
- La última rumba
- Derecho de asilo
- Sueño tango
- Enigma
- Amores
- Puerta cerrada
- El cristo de plata
- El último carnaval
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ¡Amor a primera vista! Jorge Cao habla de su historia de amor en Colombia Caracol Televisión. Consultado el 18 de febrero de 2019.
- ↑ Jorge Cao, un cubano con corazón de colombiano Caracol Televisión. Consultado el 18 de febrero de 2019.
- ↑ Jorge Cao, todo un señor actor Canal RCN. Consultado el 18 de febrero de 2019.