Jump to content

Хосе Луис Сапатеро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хосе Луис Сапатеро
исп. José Luis Rodríguez Zapatero
16 апрел 2004 — 21 декабр 2011
Пешгузашта José María Aznar[d]
Ҷонишин Мариано Рахой
9 июл 1986 — 2 сентябр 1989
18 ноябр 1989 — 29 июн 1993
25 июн 1993 — 27 март 1996
12 март 1996 — 5 апрел 2000
29 март 2000 — 2 апрел 2004
24 март 2004 — 15 январ 2008
26 март 2008 — 27 сентябр 2011
22 июл 2000 — 4 феврал 2012
Пешгузашта Joaquín Almunia[d]
Ҷонишин Alfredo Pérez Rubalcaba[d]
1 январ 2010 — 30 июн 2010
Пешгузашта Fredrik Reinfeldt[d]
Ҷонишин Yves Leterme[d]

Таваллуд 4 август 1960(1960-08-04)[1][2][3][…] (64 сол)
Ном ҳангоми таваллуд исп. José Luis Rodríguez Zapatero
Ҳамсар Sonsoles Espinosa Díaz[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод Агноститсизм
Соядаст
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Хосе Луис Родригес Сапатеро (исп. José Luis Rodríguez Zapatero; 4 августи 1960, Валядолид, Кастилия ва Леон, Испания) — сиёсатмадори ипониёӣ, сарвазири Испониё аз соли 2004 то 2011.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ 4 августи соли 1960 дар шаҳри Валядолид (Кастилия ва Леон) таваллуд шудааст. Бо таъсири волидайнаш, сотсиалистҳои содиқ, ӯ ба зудӣ ба ақидаҳои сотсиалистӣ мафтун шуд ва дар соли 1976 ба Ҳизби сотсиалистии коргарии Испания (ҲСКИ) пайваст.

Соли 1982 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Леонро хатм карда то соли 1986 дар он ҷо омӯзгор буд. Соли 1986 ба хаёти фаъолонаи сиёсй шуруъ намуд. Вай ба Конгресси вакилони музофоти Леон интихоб шуда, дар асл ҷавонтарин вакили он гардид. Вай чор маротиба паи ҳам ба конгресс интихоб шуд. Аз соли 1988 то соли 2000 Сапатеро ба созмони минтақавии сотсиалистҳо дар Леон сарварӣ мекард ва дар моҳи июли соли 2000 дар Анҷумани XXXV Ҳизби сотсиалистии коргарии Испания (ҲСКИ) котиби генералии ҳизб интихоб шуд.

Вай баъд аз ғалаба дар интихоботи парлумонии Ҳизби сотсиалистии коргарии Испания ба хукумат сарварӣ кард. Бо пуштибонии артиши ИМА дар Ироқ ва ҳамчунин ҳамлаҳои террористии 11 марти соли 2004 Ҳизби халқи Испания нуфузи худро дар ҷомеа қисман аз даст дод. 14 марти соли 2004 Ҳизби сотсиалистии коргарии Испания бо раҳбарии Родригес Сапатеро дар интихоботи миллӣ пирӯз шуд. Дар моҳи апрели соли 2004 Сапатеро девони вазиронро ташкил дод. Баъд аз ғалабаи сотсиалистон, Испания сиёсати берунии худро андаке тағйир дода, аз тамоили пештараи яктарафаи худ ба ИМА даст кашида роҳи сиёсати наздикшавиро бо Иттиҳоди Аврупоро интихоб кард.

Дар интихоботи парлумонии 9 марти соли 2008 Ҳизби сотсиалистӣ аксарияти нисбӣ дар порлумонро ба даст овард ва тавонист қудратро дар кишвар нигоҳ дорад.

11 апрели соли 2008 вай бори дуюм ба мансаби сарвазир таъйид шуд ва то 21 декабри соли 2011 дар ин вазифа буд.

Ӯ бо Сонсолес Эспиноза, омӯзгори мусиқӣ издивоҷ кардааст ва соҳиби ду духтар аст — Лаура ва Алба.