Хоҷагон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Хоҷагон — як силсилаи маъруфи тасаввуфро гӯянд, ки пайравони он Абдулхолиқи Ғиждувониро пешвои худ мешумориданд.

Xоҷагон бештар дар ҳудуди Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон интишор ёфта буд. Рукни асосии таълимоти хоҷагон порсоӣ ва диндорист. Бино ба таълимоти Абдулхолиқи Ғиждувонӣ сӯфии ҳақиқӣ бояд тамоми қоидаҳои шариат ва тариқатро риоя карда, баъд ба зинаи ҳақиқат гузарад. Пайравони силсилаи хоҷагон зӯҳду тақво ва парҳезгорию таваккулро инкор мекарданд. Онхо зимни муҷоҳида ба касбу кори муайян машғул шудани сӯфиёнро раво медонистанд. Абдулхолиқи Ғиждувонӣ дар асарҳояш пайравонашро ба тасфияи нафс ва дурӣ ҷустан аз ҷоҳталабӣ тарғиб кардааст. Мас., ӯ дар «Васиятнома»-аш навиштааст: «Қавли саҳеҳ он аст, ки иштиғол ба касб монеаи тасаввуф нест».

Абдулхолиқи Ғиждувонӣ муршиди Баҳоуддини Нақшбанд мебошад. Аз ни рӯ, ташаккулу инкишофи силсилаи хоҷагон давраи тӯлониро дар бар мегирад ва нақшбандия як тариқати силсилаи хоҷагон ба шумор меравад. Таълимоти асосии силсилаи хоҷагон аз ёздаҳ принцип иборат мебошад: хуш дар дам, хилват дар анҷуман, назар ба қадам, сафар дар ватан, ёдкард, нигаҳдошт, ёддошт, бозгашт, вуқуфи ададӣ, вуқуфи қалбӣ, вуқуфи замонӣ. Ҳашт принципи аввалро ба Абдулхолиқи Ғиждувонӣ ва сетои дигарашро ба Баҳоуддини Нақшбанд нисбат медиҳанд. Пайравони силсилаи хоҷагон ба ин принципҳо шарҳу тавзеҳоти зиёде навиштаанд.

Пайравони силсилаи хоҷагон мардумро ба диндорӣ ва итоаткорӣ даъват намуда, ба мисли дигар ҷараёнҳои динию ирфонӣ дар таърихи афкори ҷамъиятӣ роли иртиҷоӣ бозидаанд.

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.