Jump to content

Қодирия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қодирия (ар. القادريه‎) — яке аз силсилаҳои тасаввуфро гӯянд, ки муассисаш Абдулқодири Гелонист.

Абдулқодири Гелонӣ аз аҳли сунниҳои ҳанбалӣ буд. Аввал улуми ақлӣ ва фиқҳро аз бар намуда, баъд ба таълимоти дигар илмҳои зоҳирию ботинӣ пардохтааст. Аввал дар Эрон фаъолият дошт. Соли 1985 ба Бағдод рафта, ба ҳаёти зоҳидона пардохт ва сипас нуфузи зиёд касб намуд. Дар Бағдод ӯ фиқҳи ҳанбалиро омӯхт ва раиси мадраса ва роҳбарии работеро ба уҳда гирифт. Муридони Абдулқодири Гелонӣ ӯро Шайхурраиси рӯҳонии худ мешумориданд, дар ҳаққи ӯ бисьёр ривоятҳо бофта, муассиси тариқаташонро ба дараҷаи худоӣ расондаанд. Абдулқодири Гелонӣ асосан бо ваъз ва суҳбатҳои дар мадрасааш гузаронида машҳур аст.

Таълимоте, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, ба худи вай тааллуқ надоштааст ва умуман қодирия шомили системаи муайяни ирфонӣ набудааст. Вале дар таҳқиқотҳои асрҳои миёнаи мутааххир ба Абдулқодири Гелонӣ таълимоти орифонаеро нисбат додаанд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо ҳанӯз дар замони дар ҳаёт будани Абдулқодири Гелонӣй пайравонаш Алӣ ибни Ҳаддод тариқаи вайро дар Яман, Муҳаммад Батоиҳӣ дар Сурия, Муҳаммади Абуссамад дар Миср интишор додаанд. Минбаъд қодирия дар Фаъс, Испания, Марокаш, Қустантания паҳн гардид. Дар Ҳиндустон пайравони зиёде надошт. То аҳди Сафавиён пайравони қодирия дар Эрон мавҷуд буданд, вале баъди барқарор шудани сулолаи мазкур қодириён ҳамчун суннимазҳабон аз Эрон ронда шуданд. Рамзи ин силсила ранги сабз будааст, ки дар болои қабри Абдулқодири Гелонӣ дар Бағдод ба тариқи парчам гузоштаанд.

Баъзе аз таълимоти қодирия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Умдаи омӯзаҳои ин тариқат, ҳамон таълимотест, ки Сайид Абдулқодири Гелонӣ дар китобҳои худ марқум намуда ва меҳвари онҳо, «пойбандӣ ба китоб (Қуръон) ва суннат» аст; чунонки худи Гилонӣ мегӯяд:

طريقتنا مبنية على الكتاب والسنة فمن خالفهما فليس منا 

«Тариқаи мо мубтанӣ бар китоб ва суннат аст, ҳар ки бо ин ду манбаъ мухолифат варзид, аз мо нест.»[1]

Ва ҳам гӯяд:

اجعل الكتاب والسنة جناحيك طر بهما إلى الله

«Китоб ва суннатро ду боли худ қарор бидеҳ, ки ба воситаи онҳо ба сӯйи Худо парвоз мекунӣ».[1]

  1. 1.0 1.1 Зиндагиномаи ҳазрати ғавс Абдулқодири Гилонӣ, Хуршеди Ховарӣ.