Jump to content

Қаландария

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қаландария (ар. قلندرية‎) — як силсилаи тасаввуфро гуянд, ки пайравонаш Ҷамолуддини Соваҷиро (а. 13) пешвои худ мешумориданд.

Асоси таълимоти қаландарияро тарки русуму одоби ҷорӣ ташкил медод. Дар бораи пайдоиши ин силсила ва номи он баҳсҳои зиёде мавҷуданд. Муаррихони тасаввуф муътақиданд, ки баъди ҷудо шудани оини ҷавонмардӣ аз маломатия анъанаи маломатиёнро қаландарон дар Осиёи Миёнаю Эрон идома додаанд. Қаландарон маъмулан макони муайяне надоштанд ва зиндагии кучиро аз cap мегузарониданд. Ба ҷои таълимоти ирфонӣ бештар ба ҳаёти риндонаи маломатиён таваҷҷуҳ доштан ва азбаски зиндагии қаландаронаро интихоб намуда буданд, онҳоро аҳли хонақоҳ ба унвони «суфиёни хориҷ» ном мебурданд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафасоту-л-унс» таълимоти қаландарияро бо афкори маломатиён шабеҳ медонад. Ин нукта дар «Мантиқу-т-тайр» ва "Маснавии маънавӣ низ мушоҳида мешавад.