Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Хурдод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
<< Хурдод >>
Ш Я Д С Ч П А
30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 20 22
23 24 25 26 27 28 29
1405 хуршедӣ
 
Моҳи хуршедӣ Давра (тақрибан)
Фарвардин21 март — 20 апрел
Урдибиҳишт21 апрел — 21 май
Хурдод22 май — 21 июн
Тир22 июн — 22 июл
Мурдод23 июл — 22 август
Шаҳривар23 август — 22 сентябр
Меҳр23 сентябр — 22 октябр
Обон23 октябр — 21 ноябр
Озар22 ноябр — 21 декабр
Дай22 декабр — 20 январ
Баҳман21 январ — 19 феврал
Исфанд20 феврал — 20 март
خُرداد

Хурдод (порсӣ: خرداد ), ҷавзо (порсӣ: جوزاء ) — севумин моҳи гоҳшумории хуршедӣ ва севумин ва охирин моҳи фасли баҳор аст. Ин моҳ 31 рӯз дорад. Бурҷи фалакии Хурдодмоҳ бурҷи ҷавзо (дупайкар) аст, ки севумин бурҷи фалакӣ аз доиратулбуруҷ аст. Намоди бурҷи хурдод, дупайкара номида мешавад.

Дар гоҳшумории расмии Эрон номи ин моҳ аз номи моҳи севуми гоҳшумории авестоии нав баргирафта шудааст. Дар гоҳшуморӣ [зартуштӣ] шашумин рӯзи ҳар бурҷ хурдодрӯз ном дорад ва дар хурдодрӯз аз хурдодмоҳ, ҷашни хурдодгон баргузор мешавад.[2] «Хурдод» дар Авесто «Хаурватот» ва дар хатти паҳлавӣ «хурдот» ё «ҳурдот» номи яке аз Амшоспандон аст.


Моҳҳои Эронӣ
ҲамалФарвардинСаврУрдибиҳиштҶавзоХурдодСаратонТирАсадМурдодСунбулаШаҳриварМизонМеҳрАқрабОбонҚавсОзарҶадӣДайДалвБаҳманҲутИсфанд