Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Баҳман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
<< Баҳман >>
Ш Я Д С Ч П А
1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 20 22 23
24 25 26 27 28 29 30
1405 хуршедӣ
 
Моҳи хуршедӣ Давра (тақрибан)
Фарвардин21 март — 20 апрел
Урдибиҳишт21 апрел — 21 май
Хурдод22 май — 21 июн
Тир22 июн — 22 июл
Мурдод23 июл — 22 август
Шаҳривар23 август — 22 сентябр
Меҳр23 сентябр — 22 октябр
Обон23 октябр — 21 ноябр
Озар22 ноябр — 21 декабр
Дай22 декабр — 20 январ
Баҳман21 январ — 19 феврал
Исфанд20 феврал — 20 март
بَهمَن

Баҳман (форсӣ: بهمن‎ аз паҳлави vahuman — нексиришт, фаришта) ё Далв (порсӣ: دلو ) — моҳи 11-ум дар Тақвими Эронӣ ва 30 Рӯз аст.

Баҳманрӯз, рӯзи тақвими офтобӣ — хуршедии авестоӣ ва номи моҳи 11-уми сол. Ориёиҳо рӯзи ҷуфт шудани моҳу рӯзро ҷашн мегирифтанд. Ба иттилои Абурайҳони Берунӣ дар Суғд дар ин рӯз зардуштиён хӯроке аз ҷамъи донаҳои зироат дар дегҳо мепухтанд ва баҳмани сафед, ки махсуси амшоспандон аст, бо шири соф мехӯрданд ва муътақид буданд, ки ҳофизаро қавӣ менамояд. Дар Хуросон, дар ин рӯз дар дегҳо аз донаҳои зироат ва гӯшт хӯрок мепазанд ва гулҳои ёсумани сурху зард чида, ба сайри саҳро мебароянд ва хурсандӣ мекунанд.