Хурмо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хурмо ё рутаб
Phoenix dactylifera
Phoenix dactylifera
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Phoenix dactylifera L.

Хурмо ё рутаб (лот. Phoenix dactylifera) — дарахт ё бутаи калон буда, баргҳои пармонанд дорад.

Тавсифоти биологӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулаш майдаи зард, дар хӯшагул ҷой гирифтааст. Мевааш дарозрӯя, зард ё ҷигарӣ, ширину гуворо; якто тухми сахти чӯбмонанд дорад. Дар таркиби хурмо карбогидратҳо (60 – 65%), намаку минералҳои гуногун, равған (0,2 – 0,5%), аминокислотаҳо (23 намуд, ки дар таркиби дигар меваҳо вуҷуд надоранд), витаминҳои А, А1, С, В1, В2, В6, фтор, селен ва ғайра мавҷуданд.

Хосияти шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Хурмо холестерин надорад. Онро метавон чун ғизои парҳезӣ ба маризон таъйин кард. Муқаррар шудааст, ки рутаби хушк ба мағзи сар таъсири мусоид расонда, фаъолияти онро 20% зиёд менамояд. Табибони халқӣ рутабро аз қадимулайём барои дармони бемориҳои гуногуни саратонӣ, сил, омосҳо, бемориҳои сироятӣ истифода мебурданд. Дар байни мардум ақидае вуҷуд дошт, ки рутаб ба ҷисми одам нерӯ бахшида, умрро дароз ва ҳисси шаҳвонии мардро зиёд мегардонад. Он фаъолияти дил, ҷигар ва гурдаро ба сомон меорад, ба афзиши бактерияҳои муфиди рӯдаҳо мусоидат мекунад, хунро серғизо ва муқовимати ҷисмро ба вирусу микробҳои беморизо афзун менамояд. Хурмо ҳамчунин дар мавриди камхунӣ, гипертония, барои майна ва синаву шуш муфид аст, сурфаро рафъ сохта балғамро меронад. Нахҳои ғизоие, ки дар таркиби рутаб вуҷуд доранд, хавфи пайдоиши бемориҳои саратониро кам мекунанд.

Духтурон бинобар дар таркиби хурмо зиёд будани миқдори калий истеъмоли онро барои ашхоси гирифотри амрози дилу рагҳо тавсия медиҳанд. Дар мавриди нуқси дил рутаб фаъолияти онро ба низом дароварда чун давои нерубахш таъсир мерасонад, қувваю тавони одамонеро, ки бемории тӯлониро аз сар гузарондаанд, барқарор месозад. Хурмо ҳамчунин дар мавриди фалаҷи асаби рӯй, хастагии аз ҳад зиёд, касалии қанд муфид аст. Бо ҷӯшоби рутаб ва биринҷ дистрофияро табобат мекунанд. Истеъмоли он хусусан барои занҳои ҳомила, дар вақти таваллуд ва сина додан ба кӯдак муфид аст, чунки зоимонро осон ва шири синаро зиёд менамояд.

Зикри хурмо дар Қуръон[вироиш | вироиши манбаъ]

Мардуми мусулмон хурморо хеле қадр мекунанд. Он дар китоби Қуръон 29 маротиба ёдрас шудааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Имханицкая Н. Н. Семейство арековые, или пальмы (Arecaceae, или Palmae) // Жизнь растений. В 6-ти т. / Гл. ред. А. Л. Тахтаджян. — М.: Просвещение, 1981. — Т. 6. Цветковые растения. / Под ред. А. Л. Тахтаджяна. — С. 410—447. — 543 с. — 300 000 экз.
  • Ботаника. Энциклопедия «Все растения мира»: Пер. с англ. = Botanica / ред. Д. Григорьев и др. — М.: Könemann, 2006 (русское издание). — С. 664—665. — 1020 с. — ISBN 3-8331-1621-8.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Об условности указания класса однодольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Однодольные».