Хуррамзод Баҳор
Баҳора Қодировна Хуррамова | |
Таърихи таваллуд | 19 декабр 1958 (65 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Ансаралмоси ноҳияи Самарқанд |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | санъат |
Ҷойҳои кор | АИ ҶШС Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А.Навоӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А.Навоӣ |
Баҳор Хуррамзод (Баҳора Хуррамова) — санъатшинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ,(2004), профессор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баҳор Хуррамзод- 19 декабри соли 1958 дар деҳаи Ансаралмоси вилояти Самарқанд ба дунё омадааст.
- 1979 - Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А.Навоиро хатм карда ба Тоҷикистон омадааст.
- 1979 — 1994 - аспирант, ходими хурд ва калони илмии шуъбаи санъати Институти таърих ва бостоншиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон.
- 1993 - доир ба мавзӯи "Драмаи таърихии тоҷик ва таҷассуми саҳнавии он" бо роҳбарии доктори илми санъатшиносӣ профессор Низом Нурҷонов рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.
- 2004 - доир ба мавзӯи “Шоҳнома ва театр” рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.
- аз 1994 - коромӯз, дотсент ва профессори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А.Навоӣ
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз 60 мақолаи илмӣ ва 3 монография, 15 тезису маърӯза оид ба драматургия ва театри тоҷик, проблемаҳои фарҳангшиносӣ, ки дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои илмии донишгоҳҳои Тоҷикистон Ӯзбекистон, Эрон, ИМА нашр шудаанд.Дар конференсияҳои байналхалқӣ доир ба фарҳанги Осиёи Марказӣ дар Туркия (1989), Сурия (1990), Таллин (1990), Россия (1992), ИМА (2004) маърӯза карда, хусусиятҳои фарҳанги мардумӣ, синтези фарҳанги Шарқу Ғарбро мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар матбуоти даврии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ (рӯзномаи “Адабиёт ва санъат”, “Овози Самарқанд”) зиёда аз 60 мақолаи илмӣ дарҷ намудааст. Китоби машҳури файласуфони Норвегия Гуннар Снирбекк ва Нилс Гилйе “Таърихи фалсафа”-ро ба тоҷикӣ гардондааст (Тошкент:Адолат, 2004).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Саҳна ва шахсияти таърихӣ. - Самарқанд:Суғдиён, 1998 (ба заб. русӣ),
- Мусаввадаҳои нотамом (аз рӯзгори Маҳмудҷон Воҳидов). - Душанбе:Деваштич,2005.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- [1](пайванди дастнорас)
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — C.137 — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6 - C.137
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |