Хуршеда Бобоҷонова
Бобоҷонова Хуршеда Иномовна | |
Таърихи таваллуд | 31.7.1960] |
Зодгоҳ | Душанбе |
Пеша | олим |
Хуршеда Иномовна Бобоҷонова (31 июли соли 1960, шаҳри Душанбе), биолог, номзади илмҳои биология (1990), дотсент (2003), узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2002), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2013), Сардори Маркази биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳолнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хатмкардаи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1982).
- Фаъолияти кориаш дар вазифаи лаборанти калони гурӯҳи илмии кафедраи биохимияи факултети биологияи ДДТ ба номи В.И.Ленин соли 1982 оғоз намудааст.
- Аз соли 1984 то соли 1988 аспиранти кафедраи биохимия Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
- Аз соли 1981 то 1991 – лаборанти калон, корманди хурди илмӣ, корманди калони илмии гурӯҳи илмии кафедраи биохимияи ДДТ ба номи В.И.Ленин.
- Аз соли 1991 то 2005 – муаллими калони кафедраи химия, мудири кафедра химия ва биохимия, мудири кафедраи биохимия ва технологияи маводи хӯрока, декани факультети саноати сабук, сардори департаменти илм ва технологияи маводи хӯрока, проректори илм ва робитаҳои хориҷӣ, проректори робитаҳои хориҷии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ).
- Аз соли 2005 то 2009 – проректори таълим, проректори илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон.
- Моҳи сентябри соли 1996 ва аз сентябри 1999 то феврали 2000 дар Донишгоҳи Небраскаи шаҳри Линколни штати Небраскаи ИМА донишу малакаи худро баланд бардошт.
- Аз соли 2009 - Сардори Маркази биотехнологии ДМТ.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобоҷонова Х.И. муаллифи зиёда аз 100 мақола ва фишурдаҳои илмӣ, 2 монография ва 13 дастури таълимӣ-методӣ мебошад. Дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекунад. Маводҳои илмии Бобоҷонова Х.И. дар Тоҷикистон, Россия, Ӄазоқистон, Беларус, Олмон ва ИМА нашр шудаанд.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Методические разработки для выполнения лабораторных работ по биохимии (для студентов направления 552400 – технология продуктов питания). Душанбе, «Хумо», 2000,110с.;
- Функциональная активность фотосинтетического аппарата арабидопсиса. Душанбе, «Дониш», 2002,- 140 с.;
- Методическое пособие в помощь изучающим курс «Основы биотехнологии пищевых продуктов». Душанбе, «Сфера D & P», 2003, 38с.;
- Фотосинтетического аппарат хлопчатника (биофизический аспект). Душанбе, «Дониш», 2004,106с.; Food Safety Issues in Tajikistan. Strategies for Achieving Food Security in Central Asia. Springer. 2011, P. 31-42.
Мукофотхо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи нишони сари синагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2013), бо Ифтихорномаи Вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995, 2000 ва 2005) cарфароз гардидааст.
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе,2012.