Хушқадам Хусравов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Хушқадам Хусравов
Хушкадам Хусравов 2021.jpg
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Номи пурра Хусравов Хушқадам Носирович
Кишвар  Тоҷикистон
Тахассус куштӣ, самбо, ҷуду
Зодрӯз 1 январ 1993(1993-01-01) (28 сол)
Зодгоҳ Рохарв, ноҳияи Ванҷ, ВМКБ, Тоҷикистон
Корномаи варзишӣ 2007 — то ҳол
Мураббӣ
Вазн то 62 кг

Хушқадам Хусравов (Хусравов Хушқадам Носирович; 1 январи 1993, деҳаи Рохарв, ноҳияи Ванҷ, ВМКБ, Тоҷикистон) — куштигир, самбокор ва ҷудукори тоҷик. Қаҳрамони ҷаҳон дар куштии самбо (2018)[1][2][3].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хушқадам Хусравов 1 январи соли 1993[4] дар ноҳияи Ванҷ дар хонаводаи паҳлавони маъруф Носир Хусравов ба дунё омадааст. Таҳсилро дар мактаби № 4-и маркази ноҳияи Ванҷ оғоз карда, аз синфи панҷум дар мактаби № 16-и деҳаи Бовуд хондааст[5]. Баъди хатми мактаби миёна дар соли ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шуд[5] ва дар соли 2016 онҷоро хатм кард[6].

Дар 7-солагӣ ӯро падарааш ба гурӯҳи самбо дар мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони маркази ноҳияи Ванҷ бурд[7] ва мураббии нахустинаш низ падараш буд[5].

Корномаи варзишӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Нахустин бор дар соли 2007 дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳурӣ иштирок карда, аввалин медали тилои хешро ба даст овард. Дар ҳамон сол дар мусобиқаи байнанмилалӣ дар шаҳри Брести Беларус ширкат варзида, ба гирифтани медали биринҷӣ сарфароз шуд.

Аз соли 2007 Хушқадам ҳайати тими мунтахаби самбои Тоҷикистон пизируфта шуд ва тамринро таҳти устодии Муҳаммадшариф Сулаймонов идома дод.

Хушқадам Хусравов дар соли 2011 дар Мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё дар шаҳри Тошканди Узбакистон дар вазни то 57 килограмм медали тило ва унвони қаҳрамонии Осиёро ба даст овард[8].

Соли 2013 Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбо дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ рӯзҳои 1 ва 2 июн баргузор шуд, ки Хушқадам дар вазни 57 килограмм бо гирифтани медали тило барои бори севум қаҳрамони Осиё гашт[9][10].

Хушқадам Хусравов дар Мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки аз 10 то 14 октябри соли 2013 дар шаҳри Салоникии Юнон баргузор гардид[11], дар вазни то 57 килограмм дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Нурсултон Ортиқбойуулу (Қирғизистон) пирӯз шуд ва медали тилои ин мусобиқотро аз они худ кард[12].

Дар Мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки аз 21 то 23 ноябри соли 2014 дар шаҳри Наритаи Ҷопон баргузор шуд, Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Борис Борисов (Булғористон) шикаст хӯрд ва медали нуқраи ин мусобиқотро ба даст овард[13].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Самбо: Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон-2018. www.olympic.tj. 12 марти 2021 санҷида шуд.
  2. Хушқадам Хусравов қаҳрамони ҷаҳон шуд!. varzishtv.tj. Варзиш ТВ. 12 марти 2021 санҷида шуд.
  3. ورزشکار تاجیکستانی در مسابقات سامبو طلا گرفت. www.aa.com.tr. 30 марти 2021 санҷида шуд.
  4. (VIDEO) Хушқадам Хусравов: Мехоҳам орзуи нокомили падарамро комил намоям » Озодагон. www.ozodagon.com. 12 марти 2021 санҷида шуд.
  5. 5.0 5.1 5.2 Хушқадам Хусравов(тоҷ.). Торнамои Ванҷ (23 ноябри 2016). 12 марти 2021 санҷида шуд.
  6. Бозгашти пирӯзмандонаи Хушқадам Хусравов аз қаҳрамонии ҷаҳон.АКС, ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 12 марти 2021 санҷида шуд.
  7. Сироншоҳи Диловар. Паҳлавоне аз диёри паҳлавонон. www.jumhuriyat.tj. «Ҷумҳурият» (17 сентябри 2014). 15 марти 2021 санҷида шуд.
  8. Нарзуллоҳи Латиф. 23 медали паҳлавонони тоҷик дар Тошканд(тоҷ.). Радиои Озодӣ (7 июни 2011). 14 марти 2021 санҷида шуд.
  9. Чор медали тилои самбочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё. ozodagon.com. Озодагон (3 июни 2013).
  10. Медалборони гуштигирони тоҷик дар Сеул(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 14 марти 2021 санҷида шуд.
  11. Медоли тилои Хушқадам Хусравов дар мусобиқоти куштӣ дар Юнон(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian (15 октябри 2013). 13 марти 2021 санҷида шуд.
  12. Нарзуллоҳи Латиф. Хушқадам Хусравов қаҳрамони ҷаҳон миёни навҷавонон(тоҷ.). Радиои Озодӣ (14 октябри 2013). 13 марти 2021 санҷида шуд.
  13. Нарзуллоҳи Латиф. Нуқраи Хушқадам ва биринҷии Акмалиддин дар Ҷоми ҷаҳонии самбо(тоҷ.). Радиои Озодӣ (24 ноябри 2014). 13 марти 2021 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]