Хушқадам Қамариддинов
Хушқадам Қамариддинов | |
Таърихи таваллуд | 26 май 1933 |
Зодгоҳ | ноҳияи Ишкошим ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 9.95.2018 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон |
Хушқадам Қамариддинов — пизишк, олим, профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барандаи ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловский.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хушқадам Қамардинов 26 майи соли 1933 дар ноҳияи Ишкошими ВАБК, дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст. Соли 1958 факултети муолиҷавии Институти тиббии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон) хатм кард. Солҳои 1958-1960 ҷонишини сардухтури беморхонаи райони Ишкошим кор кардааст. Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР 1968. Солҳои 1964-1978 ассистент, 1978-1980 доцент ва аз соли 1980 мудири кафедраи бемориҳои сироятии Институти тиббии Тоҷикистон. Соли 1985 инфексионисти шӯравӣ, доктори илмҳои тиб, соли 1986 профессор.Раиси Ҷамъияти илмии инфексионистони ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1981) ва Саринфексионисти Вазорати нигаҳдории тандурустии республика (аз 1985).
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қамардинов муаллифи бештар аз 70 асару мақолаҳои илмист, ки ба масъалаи паразитология, инчунин паҳншавӣ, ҷараён ва роҳҳои муолиҷаи бемориҳои сироятӣ оиданд. Хушқадам Қамардинов паҳншавӣ ва усулҳои муолиҷаи фастиолёз (яке аз намудҳои киҷҷаи ҷигар)- ро муфассал тадқиқ кард.
Хизматҳои Қамардинов Х.Қ. бо нишони Аълочии нигаҳдории тандурустии ИҶШС, нишони Аълочии неруҳои сарҳадии ИҶШС (дараҷаи I ва II), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст. Барандаи ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловский буд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Клиника опасных инфекционных болезней. – Душанбе,2007. – 198 с.
- Бемориҳои сироятӣ / Х.К. Қамариддинов, Э. Р. Раҳмонов, А.Аҳмадов. – Душанбе,2000. – 184 с.
- Озмоишҳо (санҷишҳо) барои назорати донишҷўён дар дарсҳои амали аз фани бемориҳои сирояткунанда / Қамариддинов, Х.К., Тошов, М.К. – Душанбе: Наҷот. – 1993. – 69 с.
- Советская медицина в борьбе с инфекционными заболеваниями. – Душанбе: Знание, 1980. – 20 с
- Фасциолез человека в Таджикистане: Автореферат. – М.,1984. – 28 с.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ёде аз профессор Хушқадам Қамариддинов(тоҷ.). kmt.tj. 3 марти 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 марти 2019.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 26 май
- Зодагони соли 1933
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ишкошим
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми тиб
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Табибони Тоҷикистон
- Пизишкони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон