Чашмаи Элок

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бинои пурнақшу нигор дар болои ЧАШМАИ ЭЛОК
Бинои пурнақшу нигор дар болои Чашмаи Элок

Чашмаи Элок — чашма дар деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Қалаидашти ноҳияи Файзобод. Обаш ҳамеша сард ва софу зулол мебошад.

Соли 1976 бо ташаббуси директори ҳамонвақтаи совхоз С. Ғиёсов ва ёрию дастгирии сокинони маҳал дар болои чашма аз тарафи устоҳои гулдасти исфарагӣ А. Сироҷов, X. Ахмедов, К. Холиқов бинои зебои пурнақшунигор сохта шуд. Бахшида ба 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 80-солагии ноҳия бинои чашма аз нав таъмир карда шуд. Ин мавзеи биҳиштосо макони пазироии меҳмонон гаштааст. Лаззати оби чашма ба дилҳо шодиву сурур ва ба дидаҳо нур мебахшад. Сокини деҳаи Элок Акбар Раҳимзода дар васфи ин чашма гуфтааст:

Биё ин ҷо бинӯш оби зулоли чашмасорашро,
Тамошо кун бинову манзару нақшу нигорашро.
Ба сони гулшану боғу чаман зиннатфизо бошад.
Диёри сайргоҳи бехазон, фасли бахорашро.

Баъзе саҳнаҳои филми «Бозгашти аскар» (1983) дар ҳамин Чашмаи Элок ба навор гирифта шудааст. Роли асосиро дар ин филм раққосаи машҳури тоҷик Саида Файзалиева ва боз чанд ҳунарманди дигар (хато накунам Дилбар Қосимова низ) иҷро кардаанд. Филм аз рӯзгори як аскари баҳрнаварди (моряк) ошиқ қисса мекунад, ки худро зиёд таъриф мекунад, лекин як кӯдаки дар ҳоли гарқро наҷот дода наметавонад. Дар филм намои Чашмаи Элок, тарбузҳои даруни об, рақси Саида, ҷамъи меҳмонон (бо шумули Акбар Раҳимзода) бараъло намудор аст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.