Jump to content

Чормағзбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Чормағзбозӣ

Бозии маъмулу машҳури бачагон, ки бештар дар фасли тирамоҳ, дар айёми пухтани чормағз ва пас аз он баргузор мешавад. Онро писарони аз 7 то 18-сола, баъзан ҷавонони калонтар низ бозӣ мекунанд. Навъҳои гуногуни чормағзбозӣ вуҷуд дорад, масалан, “қуббабозӣ”, “чорпай”, “зангул” ва ғ. Тибқи қоидаҳои бозӣ, шахсони ғолиб чормағзҳои бозигари мағлубро аз худ мекунанд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]

1. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976. 2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., Ҷ.2, 2016.

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 203