Jump to content

Шавкатҷон Шаропов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шавкатҷон Шаропов
Шаропов Шавкатҷон Аҳмадович
Таърихи таваллуд 29 июн 1954(1954-06-29) (70 сол)
Зодгоҳ Истаравшан, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика ,(1996)
Унвонҳои илмӣ профессор (1997)
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1975)
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), Профессори фахрии Донишгоҳи омӯзгории Қазоқистони Ҷанубӣ. Шимкент, (2012)

Шавкатҷон Шаропов (Шаропов Шавкатҷон Аҳмадович; 29 июни 1954, шаҳри Истаравшан, вилояти Суғд) — олим, омӯзгор доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия (1997), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаропов Шавкатҷон Аҳмадович хатмкардаи факултети педагогии ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1975) мебошад. Фаъолияти кориаш асосан дар ҳамин таълимгоҳ ҷараён кардааст: солҳои 1975-1976 муаллими кафедраи табиатшиносӣ ва тарбияи эстетикии ҳамин донишгоҳ, солҳои 1976-1977 хидмат дар сафи Армияи Советӣ. Солҳои 1977-1979 муаллими кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ. Солҳои 1979-1982 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураиДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсил намудааст. Пас аз хатми аспирантура фаъолияти кориашро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идома додааст. Солҳои 1983-1988 сармуаллим, сипас дотсенти (1984) кафедраи назария ва методикаи тарбияи коммунистӣ, солҳои 1988-1989 дотсенти кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ. Шаропов Шавкатҷон ҳамзамон солҳои 1986-1993 сардори бахши Ленинободии Академияи хурди илмҳо буд. Аз сентябри соли 1989 мудири кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ. Аз феврали соли 1990 то декабри соли 1995 декани факултети педагогӣ. Солҳои 1996-1998 профессор ва мудири кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ. Аз декабри соли 1998 то феврали соли 2008 декани факултети педагогӣ. Аз феврали соли 2008 то августи соли 2009 профессор, мудири кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбии факултети педагогӣ. Аз августи соли 2009 то сентябри соли 2013 роҳбари шуъбаи таълимии донишгоҳ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов. Аз сентябри соли 2013 профессори кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбии факултети педагогӣ. Профессор Шавкат Шаропов олими нуктасанҷ, ташаббускор ва ташкилотчӣ аст. Маҳз ба саъю кӯшиши ӯ соли 1989 дар назди факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ (аз соли 2004 он бо номи кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбӣ фаъолият дорад) таъсис дода шуд. Ӯ ҳамчун сарвари факултети педагогӣ (солҳои 1990-2008) ҳамеша ба он кӯшидааст, ки аз зумраи хатмкунандагони болаёқат потенсиали илмию зеҳнии факултетро пурқуват гардонад.[1]

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Профессор Шаропов Ш. солҳои 2002-2003 дар ҳайси раиси Шӯрои диссертатсионии назди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, солҳои 1997-2000 ҳамчун аъзои Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.Айнӣ, солҳои 2009-2013 ҳамчун аъзои Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав фаъолият бурда, дар омода намудани кадрҳои соҳибунвон саҳми калон гузоштааст. Аз соли 2010 мавсуф аъзои Шӯрои диссертатсионии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон буда, дар омода намудани кадрҳои соҳибунвони илми педагогика саҳми арзанда мегузорад. Мавсуф узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии “Номаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” мебошад. Ӯ дар таҳияи нақшаҳои таълим, барномаҳои таълими фанни педагогика, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ фаъолона ширкат варзидааст. Дар зери роҳбарии илмии профессор Шавкат Шаропов 24 нафар аспирантон ва унвонҷӯёни ватанӣ ва аз ҷумла, 1 нафар унвонҷӯй аз давлати Эрон рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Профессор Шавкат Шаропов дар тайёр кардани як гурӯҳи калони олимони соҳаи педагогика раҳнамоӣ карда, ҷавононро ба аспирантураи мақсаднок ба шаҳрҳои Душанбе, Тошкент фиристода, аз як тараф сафи устодони соҳибунвонро афзуда бошад, аз ҷониби дигар, воҳидҳои кории кафедра ва факултетро бо олимони соҳа ва кадрҳои баландихтисос пурра гардонида, неруи илмии педагогони тоҷикро тақвият бахшидааст. Саҳми профессор Шавкат Шаропов дар рушду нумӯи илми педагогикаи муосири тоҷик назаррас аст. Ӯ муаллифи беш аз 100 мақолаҳои илмӣ, як қатор монография, китобҳо ва дастурҳои илмӣ, таълимию методӣ мебошад, ки ба масъалаҳои таърихи педагогика, тарбияи меҳнатӣ, ҳарбӣ - ватандӯстӣ, педагогикаи халқӣ ва муошират бахшида шудаанд. Солҳои охир профессор Шавкат Шаропов бо пажӯҳишҳои арзандаи худ ба ҷабҳаи муҳим ва мураккаби яке аз муаммоҳои илми педагогикаи имрӯза – муошират ва худшиносӣ равшанӣ ва саҳеҳият ворид намудааст. Бахшида ба ин муаммоҳо як қатор асарҳои пурарзиши олим нашр шудаанд, ки ба кулли омӯзгорон, донишҷӯён, кормандони маориф роҳнамоӣ менамоянд. Хизматҳои профессор Шаропов Шавкатҷон Аҳмадович дар ҷодаи омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва рушду нумӯи илми педагогикаи муосири тоҷик борҳо бо Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми кишвар, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Хукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд қадр карда шудаанд.

Профессор Шавкат Шаропов дорои асару мақолаҳои илмӣ, монография ва китобҳои таълимӣ мебошанд.

Китобҳо (Монографияҳо)

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Масъалаҳои касбинтихобкунии мактаббачагон. Хуҷанд, 1992.
  2. Назария ва амалияи тарбияи кории мактаббачагон. (Монография) Хуҷанд, 1994.
  3. Баъзе муаммоҳои муоширати педагогӣ. Хуҷанд:Ношир.1999.
  4. Дар саргаҳи маориф (дар ҳаммуаллифӣ). Хуҷанд:нашр.Р.Ҷалил. 2002.
  5. Омодагии омӯзгорони оянда ба компютерикунонии раванди таълими мактаби муосир. (Монография). Хуҷанд 2006.
  6. Муошират, таъсири мутақобила ва танзими муносибатҳои одамон. (Монография) Хуҷанд 2009.
  7. Таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён (дастури методӣ). Хуҷанд: Нури маърифат.2009.
  8. Мундариҷа ва методикаи омода намудани омӯзгорони оянда ба истифодаи технологияи муосири педагогӣ. Хуҷанд: Нури маърифат.2010.
  9. Методҳо ва роҳҳои тарбияи кории хонандагони хурдсол дар раванди ташаккули фаъолияти таълимӣ. Хуҷанд: Нури маърифат.2011. #Муошират ва худшиносӣ. (Монография) Хуҷанд 2013.
  10. Профессиональная ориентация школьников. Часть 1. (Учебное пособие). Худжанд., изд-во Р.Джалила, 1992,(в соавторстве). -77с.
  11. Профессиональная ориентация школьников. Часть 2. (Учебное пособие). Худжанд., изд-во Р.Джалила, 1992,(в соавторстве). - 68с.
  12. Теория и практика трудового воспитания старшеклассников.(Монография). Худжанд, изд-во Р.Джалил, 1994. -197 с.
  13. Корҳои контролӣ аз таърихи педагогика. Дастури таълимӣ-методӣ. (дар ҳаммуаллифӣ). Хуҷанд: «Омор», 1998. -24с.
  14. Ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён. Дастури таълимӣ-методӣ. (дар ҳаммуаллифӣ). Хуҷанд: «Омор», 1999. -21с.
  15. Некоторые проблемы педагогического общения. Худжанд, изд-во Р.Джалил, (в соавторстве). 1999.-35с.
  16. Курси лексия аз педагогика. Асосҳои умумӣ. Дастури таълимӣ барои донишҷӯён. (дар ҳаммуаллифӣ). Хуҷанд: «Нури маърифат», 2002. -78с.
  17. Роҳнамои донишҷӯи шуъбаи ғоибона. Hов: нашриёти Раҳим Ҷалил, 2002.- 30с.
  18. Подготовка будущего учителя к компьютеризации учебного процесса в общеобразовательной школе. Худжанд, «Нури маърифат», (в соавторстве). 2006,-168 с.
  19. Фидоии илму маърифат. (дар ҳаммуаллифӣ). Хуҷанд, 2007. -32 с.
  20. Муошират, таъсири мутақобила ва танзими муносибати одамон. Хуҷанд, нашриёти «Меъроҷ». 2009, -240с.
  21. Муошират ва худшиносӣ. Хуҷанд, нашриёти «Меъроҷ». 2013,2017. -304с.
  22. Нақши муошират дар фаъолияти омӯзгорӣ. Дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорони оянда. (дар ҳаммуаллифӣ). Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. - 40с.
  23. Роҳ ва усулҳои самараноки ташаккули фарҳанги ахлоқии донишҷӯён. (дар ҳаммуаллифӣ). Дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорони оянда. Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. - 90с.
  24. Махсусият ва моҳияти амалии ташаккули ахлоқии донишҷӯён. (дар ҳаммуаллифӣ). Дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорони оянда. Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. - 79с.