Шавкат Бозоров
Шавкат Шарифович Бозоров | |
Таърихи таваллуд | 16 март 1958 (66 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1979) |
Шавкат Бозоров (Бозоров Шавкат Шарифович; зод. 16 марти 1958, Душанбе) — иқтисоддон-менеҷери тоҷик, доктори илмҳои иқтисод (2001), профессор (2002).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1979). Солҳои 1979—1986 раиси Созмони ҷавонон, озмоишгар (лаборант) ва ассисенти кафедраи истифодабарии техникаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1986—1988 сардори шуъбаи ҷорӣ намудани дастовардҳои илмии Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷикистон, 1988-90 мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисоди хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1990—1993 докторанти Пажӯҳишгоҳи иқтисоди хоҷагии қишлоқи ИҶШС (ш. Маскав), 1993—1994 мудири шуъбаи иқтисоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994—1996 президенти Ассотсиатсияи миллии бизнеси хурд ва миёнаи Тоҷикистон, 1996—1997 мушовири директори Заводи алюминийи Тоҷикистон, 1997—2001 раиси Оҷонсии Тоҷикистон оид ба алоқа бо созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ ва башардӯстона, 2001—2002 иҷрокунандаи вазифаи раиси корпоратсияи ҷумҳуриявии «Хӯрокворӣ», 2002—1910 директори Оҷонсии мустақили таҳқиқоти стратегӣ ва банақшагирии комплекси агросаноатӣ буд. Аз апрели 2010 раиси Созмони ҷамъиятии «Алянси аграрии Тоҷикистон», аз майи 2010 профессори кафедраи менеҷменти Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон, ҳамзамон аз июни 2012 муовини аввали Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз 100 мақола ва рисолаи илмӣ, дастури таълимӣ ва илмию методӣ. Самти асосии фаъолияти илмии Шавкат Бозоров иқтисоди кишоварзӣ, менеҷмент, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мебошад. Доир ба ин масоил китобҳояш «Агросервиси техникӣ: ҳолат ва дурнамо» (1999), «Асосҳои иқтисодии ташкили агросервиси техникӣ» (2000), «Самтҳои баланд бардоштани самаранокии сармоягузорӣ дар кишоварзӣ» (2009) ва ғ. ба табъ расидаанд. Феҳристҳои тартибдодаи Шавкат Бозоров — «100 ширкати пешқадами Тоҷикистон» (1999), «Феҳристи инфрасохтори бозории Тоҷикистон» (2002), «Соҳибкорони варзидаи Тоҷикистон» (2002) аз ҷониби созмонҳои молиявӣ ва соҳибкорӣ хуб пазируфта шудаанд. Онҳо дар тарғибу ташвиқ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мақоми баланд доранд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Организация оперативного управления машинно-трактор-ным парком в районных агропромышленных объединениях Таджикистана. — Д., 1985;
- Совершенствование управления техническим обслуживанием и ремонтом машинно-тракторного парка. — Д., 1987;
- Совершенствование организации технической эксплуатации машинно-тракторного парка Таджикистана. — Д, 1988;
- Технический агросервис: теория и методология. — Д., 1994;
- Технический агросервис: состояние и перспективы. — Д., 1999;
- Совершенствование экономических взаимоотношение в сфере технического агросервиса. — Д., 2000;
- Экономические основы организации технического агросервиса (На материалах Республики Таджикистан): Дисс…доктора эконом. наук. — М., 2001;
- Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон дар бахши амнияти озуқаворӣ. — Д., 2011 (ҳаммуаллиф);
- Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди Тоҷикистон. — Д., 2011 (ҳаммуаллиф).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозоров Шавкат Шарифович / М. М. Диловаров // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.