Jump to content

Шавкат Шукуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шавкат Шукуров
Шавкат Шукуров
Таърихи таваллуд 15 июл 1933(1933-07-15)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 11 январ 2009(2009-01-11) (75 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Совети Вазирони Тоҷикистон Совети Вазирони Тоҷикистон, рӯзномаи “Маориф ва Маданият, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Шавкат Шукуров (15 июли 1933, Самарқанд — 11 январи 2009, Самарқанд) — рӯзноманигор, омӯзгор, бедилшинос, адабиётшинос, ҳиндушинос, туркшинос. Доктори илмҳои филология, профессор

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз хатми мактаб дар факултети таърих ва филологияи УДС (ҳоло — Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ) таҳсил кардааст (1954—1959). Муҳаррири калони Совети Вазирони ТоҷикистонСовети Вазирони Тоҷикистон (1959—1961), мудири шуъбаи адаб. рӯзномаи «Маориф ва Маданият» (ҳоло — «Омӯзгор» ва «Адабиёт ва санъат», 1961—1992). С. 1992 ба зодгоҳаш — шаҳри Самарқанд кӯчидааст. Мудири кафедраи адабиёти Шарқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1992—2004), сармутахассиси Маркази маънавият ва марифати н. Самарқанд (2004—2009). Ба Самарқанду Бухоро ва Душанбеву Тошканд борҳо сафар карда, дар донишгоҳу донишкадаҳои ин шаҳрҳо дар конференсияҳои илмӣ маърӯза намуда лексияҳо хондааст.

Муаллифи як силсила мақолаҳои пурарзиши илмӣ аз ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ, Бедил, Алишер Навоӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Шавкати Бухороӣ, Соиб, Умари Хайём, Фузулӣ, Аҳмади Дониш, С. Айнӣ, Мирзо Асадуллохони Ғолиб, Муҳаммад Иқбол, Маҳмуди Қошғарӣ,Ҳабиб Юсуфӣ ва ғ., аз ҷумла мақолаҳои «Мирзо Бедил дар бораи принсипҳои эҷоди бадеӣ ва аҳамияти иҷтимоии адабиёт», « Ифшо ва танқиди миллатҳои ҷамъияти феодалии Ҳинд дар ғазалиёти Бедил», «Бедил ва Иқбол», Қайдҳои ҷудогона доир ба ҷиҳатҳои мушобеҳ ва ба ҳам наздикирубоиёти Хайёму Бедил", «Тадқиқи афкори адабӣ ва эстетикии Муҳаммадалӣ Соиб», «Мухаммасот ва қитъаоти Бедил ва қасидаи Бедил», «Сабки ғазалиёти Бедил», «Аҳвол ва осори Шавкати Бухороӣ», «Тарзи ифодаи афкору маорифпарварӣ дар „Наводир -ул- вақое“-и Аҳмади Дониш», «Пайравон ва мӯътақидониБедил дар Осиёи Марказӣ», «Нигоҳи Аҳмади Дониш ва Мирзо Бедил ва пайравонаш» ва ҳ., ки дар китоби тозанашраш «Дурахши ситораҳои адабу фарҳанг» (2008) гирд оварда шудаанд ва ҳамчунин «Лирикаи Бедил» (ба заб. ӯзб. ва русӣ), «Ахтарони Нурполо», эссеи «Шиносоии ман бо Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ». «Азми сафари каъбаи мақсуд» (бо ҳамқаламии Нормурод Каримзода), «Нигаҳбони мулки ҷаҳон» (бо ҳамқаламии Нормурод Каримзода).