Jump to content

Шариф Шукуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шариф Шукуров
Таърихи таваллуд 7 июн 1948(1948-06-07) (76 сол)
Зодгоҳ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори ҳунаршиносӣ[d] (1991)
Алма-матер

Шариф Шукуров (Шукуров Шариф Муҳаммадович; зод. 7 июн 1948, Сталинобод) — пажӯҳишгари таърихи ҳунар ва донишманди тоҷик, доктори ҳунаршиносӣ (1991)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
Муҳаммадҷон Шакурӣ бо Шариф ва Анвар Шукуров

Шариф Шукуров 7 июни соли 1948 дар шаҳри Душанбе дар хонадони донишманди тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дунё омадааст[2]. Соли 1971 шуъбаи ҳунаршиносии факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст.

Фаъолияташ дар бахши таърихи ҳунари Институти шарқшиносии АИ ИҶШС ҷараён гирифтааст, вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмиро иҷро кардааст. Аз соли 1990 мудири шуъбаи фарҳангшиносии муқоисавии Институти шарқшиносии АИ Русияро бар уҳда дорад[1]. Ҳамзамон дар Институти ҳунари Русия, донишкадаю донишгоҳҳои соҳавии мамолики Аврупо аз таърихи фарҳангии Шарқ сабақ додааст[3].

Доираи эҷодаш масоили мухталифи ҳунари мардуми Шарқ, хоса форсизабонон, анъанаҳои фарҳангии ин мардум, ҳамбастагии ҳунари шарқу ғарб ва ғайраро фаро гирифтааст. Осори илмиаш ба англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, испанӣ, арабӣ, форсӣ ва дигар забонҳо нашр шудааст.

  • «Шахнаме» Фирдоуси и раняя иллюстративная традиция. (Текст и иллюстрация в системе иранской культуры XI—XIV веков). — М., 1983;
  • Искуство средневекового Ирана. (Формирование принципов изобразительности). — М., 1989;
  • Peuples d,Asie Centrale. — Paris, 1994;
  • Искусство и тайна. — М., 1999;
  • Образ Храма. Основания темененологии храмового сознания. — М., 2002;
  • Образ человека в искусстве ислама. — М., 2004; Друг и дружба. — М., 2005;
  • Смысл, образ, форма. Статьи разных лет. — Алматы, 2008;
  • Осиёи Марказӣ. Даромаде дар рӯҳияи мардум. — Теҳрон, 2008;
  • История России 20-век. Т 1, 2. — М., 2009;
  • Архитектура современной мечети. — М., 2014.
  1. 1.0 1.1 Шариф Мухаммадович Шукуров. librusec.pro. Либрусек. 14 Январ 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 Январ 2024.
  2. Шариф Шукуровро шиносем. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 14 Январ 2024 санҷида шуд.
  3. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 685—686. — 728 с.