Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Шариф Ҳакимзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шариф Ҳакимзода
Ҳакимзода Шариф Саидович
Таърихи таваллуд 23 феврали 1961(1961-02-23) (65 сол)
Зодгоҳ Кӯлоб , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Навъи фаъолият вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ва VII
Таҳсилот Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1982)
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Ҳакимзода Шариф Саидович – омӯзгор, арбоби давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳакимзода Шариф Саидович 23 феврали соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Миллат-тоҷик. Соли 1982 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро хатм кардааст. Ихтисос- филологияи тоҷик.

  • Солҳои 1978-1982 — таҳсил дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.
  • Солҳои 1982-1983 — Муаллими мактаби миёнаи №6 ноҳияи Восеъ.
  • Соли 1983 (02-08) — Муаллим ва китобхоначии мактаби миёнаи №22 ноҳияи Кӯлоб.
  • Солҳои 1983-1990 — Ҷонишини директори мактаби миёнаи №22 ноҳияи Кӯлоб.
  • Соли 1990 (04-08) — Ходими маънавиёти рўзномаи вилоятии «Хатлон», шаҳри Кӯлоб.
  • Солҳои 1990-1993 — Мудири бахши протоколии Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб.
  • Соли 1993 (01-03) — Мудири бахши протоколии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон.
  • Солҳои 1993-1995 — Мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон.
  • Солҳои 1995-2001 — Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа.
  • Солҳои 2001-2004 — Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб.
  • Солҳои 2004-2014 — Мутахассиси пешбари Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», шаҳри Душанбе[[]].
  • Аз феврали соли 2014 - 2020 — Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо.

1 марти соли 2020 — 1 марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум буд.[1]

  • 2 марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон даъвати ҳафтум интихоб гардидааст.[2].

[[

  1. Ҳакимзода Шариф Саидович(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.
  2. Ҳакимзода Шариф Саидович(тоҷ.). www.parlament.tj. 10 июли 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июни 2023.