Тилло Пӯлодӣ
Таърихи таваллуд: | 4 май 1912 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 24 июл 1974 (62 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | аз 1935 |
Забони осор: | тоҷикӣ ва русӣ |
Ҷоизаҳо: |
Тилло Пӯлодӣ — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1940)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Тилло Пӯлодӣ 4 майи соли 1912 дар деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст. Дар нахустин макотиби шӯравӣ хатту савод бароварда, то соли 1935 муаллими синфҳои ибтидоӣ будааст. Соли 1940 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба итмом расонда, вориди аспирантураи донишкадаи мазкур шудааст ва аз ҳамон айём то лаҳзаҳои охири умраш устоди кафедраи адабиёти тоҷик будааст. Фаъолияти адабияш аз соли 1935 оғоз гардида, дар сафи нахустин вассофони дигаргуниҳои бузурги асри худ қарор гирифтааст. Мавзӯъҳои асосии шеърҳояш муҳаббат ба Ватан, дӯстии халқҳо, меҳнати садоқатмандонаи колхозиён, қаҳрамониҳои сарбозони шӯравӣ дар ҷабҳа мебошанд. Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 24 июли соли 1974 аз олам даргузашт.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Баробари пешбурди корҳои шоистаи илмӣ ва фаъолияти босамари омӯзгорӣ, пайваста шеърофаринӣ ҳам кардааст. Аз ҷумла, соли 1945 достони «Тӯҳфаи шоир»-ро ба табъ расондааст, ки ба тасвиру дигаргуниҳои бузурги дар Помири Шӯравӣ рухдода бахшида шудааст. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Бадахшони озод» (1948), «Номаи бахт» (1958), «Баҳори шодӣ» (1962), «Ленин ҳамеша бо мост!» (1963), «Таронаи Октябр» (1967), «Субхи кишвари ман» (1970), «Меваи Октябр» (1972), «Рози дил» (1982) ва ғ. мебошад. Соли 1965 гулчини ашъораш «Гул кун, Бадахшон!» ба забони русӣ мунташир гаштааст. Шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Шоирони Тоҷикистон» (Маскав, 1947), «Аз соҳили Панҷ» (1949) ва ғ. чоп шудаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон;
- Ордени «Нишони фахрӣ»;
- Медали «Барои меҳнати шоён»;
- Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.182 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 4 май
- Зодагони соли 1912
- Зодагони ноҳияи Шуғнон
- Даргузаштагони 24 июл
- Даргузаштагони соли 1974
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Адибон аз рӯи алифбо
- Адибони Тоҷикистон
- Шоирони тоҷик
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Шахсиятҳо: ИҶШС