Шоҳтара
Шоҳтара (Fumaria vaillantii), шотараҷ, гиёҳест яксола. Аз 5 то 40 см қад мекашад. Пояаш кабуди сершох. Баргаш пармонанди сепарра, баъзан дарозрӯяи нештаршакл. Гулаш бунафши гулобӣ. Апр. – июл гулу мева мекунад. Дар заминҳои партов, хоктудаҳо, нишебиҳои серсангу шағал, тарқиши шахҳо мерӯяд. Дар қаторкӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Туркистон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Сирдарё, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландии 3000 – 3500 м аз с.б.) паҳн шудааст. Шоҳтараро дар тиб аз қадимулайём истифода мебаранд. Ба ақидаи Абӯалии Сино беҳтарин шотараҷ сабз, навруста ва талх аст. Вай меъдаро қувват бахшида, қабзияти ҷигарро мекушояд, пешобро меронад, вораҳоро мустаҳкам мекунад. Дар «Ал-Воҳия» давои хуби ярақон ҳисобида шудааст. Мардуми таҳҷоӣ Ш.-ро ҳангоми баромадани гармича ва доначаҳо дар пӯст, хоришак, инчунин дар мавриди сӯзок, табларза, заифӣ ва сардард истифода мебаранд.
Ба қавли табибони мардумӣ агар оби баргҳои тару тозаи шоҳтараро бо шакар биёшоманд, меъда ва рӯдаҳоро аз моддаҳои бегона пок мегардонад, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, меъдаро қувват мебахшад, зардпарвин, хориш, шукуфаи пӯст, инчунин сабӯсаки сарро рафъ месозад. Оби шоҳтараи тару тозаро дар офтоб ғафс гардонанд, усора ҳосил мешавад. Онро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ ва обравии бисёрро манъ мекунад. Агар ин усораро дар об ҳал карда, он таркибро дар даҳон гардонанд, ҷароҳати ком, забон ва милки дандонҳоро даво мебахшад. Гиёҳи хушки онро кӯфта гузошта банданд, қӯтури пӯст ва хориши онро дафъ мекунад.
Ҷӯшоби шоҳтара давои пешоброн ва бемории зардпарвин аст; бо он табларза ва саромосро дармон мебахшанд. Шираи алафи тари шоҳтара воситаи хубест барои рафъи хоришак. Нақеъи шоҳтараро ҳангоми камиштиҳоӣ, заъфи рӯда, касалиҳои занона, сил, бавосир, табларза ва чун воситаи таскинбахш, хунбанд, пешоброну арақрон истеъмол менамоянд. Тоҷикони Дарвозу Қаротегин шоҳтараро дар давраи мевабандӣ ғундошта мехушконанд, кӯфта ба захмҳои фасоднок ё ҷароҳатҳои амиқ мебанданд. Ҳангоми хуни бинӣ онро бӯй мекашанд. Дар тибби муосир шоҳтара барои муолиҷаи бемории гипертония (дараҷаҳои I ва II) тавсия шудааст.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972;
- Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
- Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1979;
- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.