Jump to content

Шоҳтути заминӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шоҳтути заминӣ (лот. Fragaria bucharica), гиёҳест бисёрсола; 5 – 25 см қад мекашад. Баргаш (дарозиаш 20 – 25 см) мураккаб (аз 3 баргча иборат), дар бехи поя месабзад. Хӯшагулаш дароз (7 – 10 см), 1 – 4-гула; гулаш нисбатан майда (1,2 – 2 см), сафед (моҳҳои июн – авг. мешукуфад). Ш. з. дар соҳили рӯду дарёҳо, ҷойҳои серрутубат ва ғ. (қ.-кӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Тоҷикистони Шарқӣ; 1900 – 2500 м аз с. б.) мерӯяд. Ин гиёҳ хоси Помиру Олой аст. Дар соҳаи селексия барои руёнидани навъҳои хубу серҳосил аҳамияти калон дорад. Ш. з. меваи хеле қадимист. Тухми онро ҳангоми ҳафриётҳо аз бошишгоҳи одамони давраи санг ёфтаанд. Ҳоло дар дунё беш аз 2 ҳаз. (аз рӯи маълумоти диг. 3 ҳаз.) навъи Ш. з. маълум аст.

Ш. з. дар як ҷой тақр. 20 сол ҳосил медиҳад, аммо онро одатан 4 – 5 сол мепарваранд ва баъд нав мекунанд, зеро ҳосил кам ва сифаташ паст мешавад. Ниҳоли Ш. з. баъди як ё ду соли кӯчат ба ҳосил медарояд. Навъҳои пешпазаки Ш. з. назар ба дерпазак 20 – 22 рӯз барвақт мепазанд. Зироати Ш. з. дар Тоҷикистон асосан с-ҳои 30 маъмул шудааст. Ҳоло бисёр навъҳои калонмеваи онро, ки «қулфунай» низ мегӯянд, мепарваранд. Ш. з. дар шароити ҷумҳурӣ хуштаъму ширин ва хушбӯй, инчунин сервитамин мешавад. Ш. з. яке аз маъмултарин меваҷотест, ки тару тоза ва хушконида (дар ҳарор. 300С) истеъмол мекунанд. Аз он шарбат, мураббо, май ва ғ. тайёр менамоянд. Ш. з. хеле серғизост, инчунин иштиҳоовар буда, кори узвҳои ҳозимаро тақвият медиҳад. Ш. з.-и тару тоза ба шахсоне, ки ба заъфи дил, ғалаёни хун (гипертония), захми меъда, дарди санги заҳрадон ва гурда, ниқрис, камхунӣ ва ғ. гирифторанд, хеле нафъбахш аст. Муқаррар кардаанд, ки шираи Ш. з. бисёр микробҳои касалангезро нобуд мекунад. Дар хотир бояд дошт, ки Ш. з. ба мизоҷи баъзеҳо (алалхусус кӯдакон) намефорад ва мумкин аст дар онҳо саглес ва аллергия пайдо шавад. Дар тибби халқӣ нақеъ ё ҷӯшоби барг ва решапояи онро ҳангоми хала, заъфарма (ярақон), сил, дарди санги пешобдон, ҷароҳати куҳан ва ғ. тавсия медиҳанд. Бо ҷӯшоби бехаш хала, исҳоли хунин (дизентерия) ва бавосирро табобат менамоянд. Дар вақти «шамолхӯрӣ» аз барг ва гулаш чой дам мекунанд[1]



  1. Философова Т.П., Земляника, М., 1962; Флора Таджикской ССР, т. 4, Л., 1975; Вехов В.Н., Губанов И.А., Лебедева Г.Ф., Культурные растения СССР, М., 1978.