Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Шоҳҷаҳон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шоҳҷаҳон
форсӣ: شهاب‌الدین مُحمَّد شاهجهان
19 январи 1628 31 июли 1658
Пешгузашта Ҷаҳонгиршоҳ[d]
Ҷонишин Аврангзеб

Таваллуд 15 январи 1592(1592-01-15)[1]
Даргузашт 22 январи 1666(1666-01-22)[2][1] (74 сол)
Оромгоҳ
Падар Ҷаҳонгиршоҳ[d]
Модар Jagat Gosain[d]
Ҳамсар Mumtaz Mahal[d], Izz-un-Nissa[d] ва Kandahari Begum[d]
Фарзандон Parhez Banu Begum[d], Ҷаҳоноро Бегим, Dara Shikoh[d][3], Shah Shuja[d], Roshanara Begum[d], Аврангзеб, Murad Bakhsh[d] ва Gauhar Ara Begum[d]
Дин ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шаҳобуддин Муҳаммади Хуррам (форсӣ: شهاب‌الدین محمد خرم), Шоҳҷаҳон (форсӣ: شاه جهان; 15 январи 1592[1], Lahore[d], Лоҳур, Империяи Муғул22 январи 1666[2][1], Agra[d], Агра, Империяи Муғул) — подшоҳи Ҳиндустон (1627—1658) аз сулолаи Темуриёни Ҳинд. Писари Нуриддин Ҷаҳонгир.

Шоҳҷаҳон сиёсати ҷангҷуёнаи падарашро давом дода, давлати Темуриёни Ҳиндро аз ҳисоби мулкҳои Ҳиндустони Ҷанубӣ, Афғонистон ва Эрони сафавӣ хеле васеъ кард. Ш. дар баробари забткориҳо ба ободонии мамлакат, ба бунёди иморатҳои пуршукуҳ ҷиҳати махсус додааст, ки Тоҷмаҳал, Лолқалъа, масҷидҳои Ҷомию Моти ва ғайра мисоли ин мебошанд. Соли 1657 дар вақти касалии Шоҳҷаҳон низоъу нифоқи байни шоҳзодагони темурӣ авҷ гирифта, султони Дакан Аврангзеб падараш Шоҳҷаҳонро дар қалъаи Агра ҳабс намуд, ки у соли 1666 дар он ҷо вафот кард. Баъди вафоти Шоҳҷаҳон пойтахти Ҳиндустон аз Агра ба Деҳлӣ кучонида шуд.