Шутурпай
Шутурпай (англ. Tussilago farfara) — шутурпой, сапали шутур — гиёҳест бисёрсола. Аз 10 то 45 см қад мекашад. Баргаш серпашмак, ба кафи пои (сапали) шутур монандӣ дорад. Гулаш зард, мевааш махрутшакл. Моҳи март – июн гул карда, май – июл мева мебандад. Ш. одатан дар лаби ҷую каналҳо, соҳили рӯдҳо, ҷойҳои сернам ва чун алафи бегона дар боғу киштзор мерӯяд. Дар мавзеъҳои Қурама, Туркистон, водии Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ паҳн шудааст.
Шутурпай яке аз қадимтарин гиёҳҳои доруист. Буқрот онро чун воситаи балғамовар ба қалам додааст. Дисқуридус (Диоскорид) ва Плиней ҷӯшоби
Шутурпайро барои муолиҷаи амрози шуш ва дуди барги хушки онро барои рафъи сурфа тавсия кардаанд. Абӯалии Сино Ш.-ро барои табобати сурфа кор мефармуд. Бино ба маълумоти ӯ Ш. қувваи босираро меафзояд, думбал, пучак ва омосро мепазонад. Дар «Махзану-л-адвия» қайд шудааст, ки агар барги Ш.-ро дар даҳон нигоҳ доранд, зиқи нафас ва сурфаро рафъ менамояд. Табибони халқӣ бо ҷӯшоби баргу гули Ш. иллати гурда, хафақон, зиқи нафас, сили шуш, қабзияти рӯдаву меъда, масона, бо шираи он (рӯзе 4 – 6 чумча) сил ва ширинчаро табобат мекунанд. Омехтаи баробари барги Ш. ва газнаро ҷӯшонда бо обаш сар (ҳангоми рехтани мӯй ва пайдоиши сабӯсак) мешӯянд. Барги тару тозаи онро ба чашми дардманд, пучаку думбал ва омосҳо мебанданд. Ҳоло барги Ш. дар доруномаи 15 мамлакати дунё асосан чун доруи балғамовар зикр шудааст. Дар фитотерапия нақеъи барги Ш.-ро барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои нафас, илтиҳоби шуш, зиқи нафас, газаки меъдаву рӯда ва ғ. тавсия медиҳанд. Дар амалияи тибби илмӣ барги Ш. дар алоҳидагӣ ё омехта бо гиёҳҳои дигар (анисун, думи говак, гули хайрӣ, сус, савсан) чун доруи балғамовар ва арақрон истифода мешавад.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972;
- Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
- Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1979;
- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.