Эркин Кароматуллоев
Таърихи таваллуд | 20 ноябр 1939 (84 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | олим, омӯзгор |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои техникӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Эркин Кароматуллоев — (20 ноябри, 1939, шаҳри Душанбе), омӯзгор. Номзади илми техника (1967), профессор (1977), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003), «Аълочии маорифи Тоҷикистон” (2002). Профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.
Ҳолнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Эркин Кароматуллоев дастпарвари мактаби №7 ш.Душанбе. Факултети механиконии хоҷагии қишлоқи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло-Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст (1961). Ассисистети кафедраи ИПМТ ИХҚТ (1961-62), аспиранти Акададемия хоҷагии қишлоқи Волгоград (РСФСР, 1964), ассисстенти ИХҚТ, муаллими кафедра,ҷонишини декани факуклтети ғоибона (1969-1971), мудири кафедраи “Тракторхо ва автомобилҳо” (1971-1975), мудири кафедраи ИМПТ (1975-81), декани факултети донишҷӯёни кишварҳои хориҷӣ (1981-1986), декани факултети Механикаи кишоварзи (1986-1992), ноиби ректор оид ба корҳои фарҳангу ва тарбия (1992-1997; 2000-2003), ноиби ректор оид ба магистратура (1997-2000). Аз соли 2003 – профессори кафедраи ИПМТ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз 100 асари илмӣ ва методӣ, 5 ихтироънома ва 5 китоби дарсӣ, аз ҷумла ”Истифодабарии ПМТ”, “Тракторҳо ва автомобилҳо”, “Коркарди байни қаторҳои пахта бо суръати баланд” ва ғ. Дар конференсияҳои илмии байналмилалии Москва, Санкт-Петербург, Тошканду Харков, Киров, Ашқобод, Машҳад маърӯзаҳои илмӣ кардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин» ва якчанд Ифтихорномаи Фахрии Вазорати хоҷагии қишлоқи СССР, Вазорати маорифи ҶТ мукофотонида шудааст.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 2013, с. 65