Эркин Раҳмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Эркин Раҳмонов
Эркин Раҳимович Раҳмонов
Санаи таваллуд:

13 феврал 1954(1954-02-13) (65 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе, ҶШС Тоҷикистон

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

тиб

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои тиб

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино


Эркин Раҳмонов - пизишки бемориҳои сироятӣ. Пизишки категорияи олӣ. Саринфексионисти Вазорати тандурустиии ҶТ (аз с. 2008). Доктори илми тиб (2004), профессор (2006). «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» (2008).

Зиндагинома[вироиш]

Эркин Раҳимович Раҳмонов 13 феврали соли 1954, дар ш.Душанбе ба дунё омадааст.Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро бо ихтисоси духтури муолиҷакунанда хатм кардааст (1977). Интерни бемориҳои сироятӣ (1977-1978), пизишки бемориҳои сироятии клиникии беморхонаи клиникии касалиҳои сироятии ш.Душанбе (1978-1983), ассис. (1983-1993), ҳимояи рисолаи номз. (1987, Киев), дотс. (1993-2006), проф. (аз с. 2006) ва муд. каф. бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (аз с. 2008), ҷон. декани фак. муолиҷавӣ (1990-1993), с. 1995-2005 - ҷон. проректор оид ба корҳои муолиҷа ва с. 2005-08 декани фак. умумитиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино. Аз с. 2008 – муд. каф. беморихои сироятӣ.Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино Бо Грам. Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Дар мавзӯи «Такмили муолиҷаи комплексии беморони гирифтори фастсиолёз ва офиятбахшии онҳо» рисолаи номз. ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои эпидемиологӣ, клиника, ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемории домана дар шароити ғайримуқаррарӣ» рисолаи док. дифоъ намудааст. Муаллифи 130 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 24 дастури таълимию методӣ, 5 пешниҳоди ихтироотӣ, дорандаи зиёда аз 20 сертификати давлатҳои дуру наздики хориҷӣ ва китобҳои дарсии

  • «Бемориҳои сироятӣ» (Д.,2006, ҳаммуаллиф),
  • «Бемориҳои микробӣ ва ғайримикробӣ» (Д.,2010)

ва мақолаҳои

  • « Эпидемиалогия, клиника, диагностика, лечение и профилактика бруцеллёза»,маҷ. «Паёми Сино», 2007;
  • «Состояние гемостаза при брюшном тифе с учетом кожных проявлений» «Паёми Сино», 2008,№2 ;
  • «Проблемы потребления наркотиков и ВИЧ – инфекция в РТ» «Паёми Сино»,2008, №1;
  • «Некоторые клинические проявления ВИЧ – инфекции у потребителей инъекционных наркотиков», маҷ. «Здравоохранение Таджикистана», 2008,№1;
  • «Особенности клинического течения некоторых микст- инфекций при остром амёбиазе кишечника» дар маҷ. «Поёми Сино», 2008, №3 ва ғ.

Таҳти роҳбарии ӯ 7 унвонҷӯ рисолаи номз. дифоъ кардааст.[1]

Манобеъ[вироиш]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С. 108. — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6