Эрнст Аббе
олмонӣ: Ernst Karl Abbe | |
Таърихи таваллуд | 23 январ 1840[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 14 январ 1905[1][2][3][…] (64 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | нуршиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори фалсафа[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Вилҳелм Эдуард Вебер |
Шогирдон | Gottlob Frege[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Э́рнст Ка́рл А́ббе (олмонӣ: Ernst Karl Abbe; 23 январи 1840, Айзенах — 14 январи 1905, Йена) — физик-оптик, астрономи олмонӣ, ихтироъкори дилатометри интерференсионӣ ва рефрактометр.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аббе дар Донишгоҳи Йена ба сифати дотсент (аз 1863) ва профессор (аз 1870) фаъолият намуда, дар корҳои илмӣ-амалии корхонаҳои оптикии Карл Сейс иштирок мекард. Соли 1872 назарияи пайдоиши тасвирро асоснок карда, намудҳои гуногуни афзори оптикиро ихтироъ кардааст, ки дар бисёр расадхонаҳои ҷаҳон истифода гардидаанд. Аббе дар илми физика мафҳуми «апертураи ададӣ»-ро ворид кард, ки он алоқамандии апертураи ҳақиқии объективро бо нишондиҳандаи инкисори шиша ва дарозии мавҷи рӯшноӣ ифода мекунад. Аббе якчанд навъи шишаҳои оптикиро сохтааст. Аббе соли 1870 расадхонаи Йенаро таъсис дода, солҳои 1877 – 90 сарвари он буд. Соли 1884 ҳамроҳи Сейс лабораторияи химиявии шишаро созмон дода, соли 1886 линзаҳои апохроматиро сохт, ки бо номи «конденсорҳои Аббе» машҳуранд. Аббе узви вобастаи АИ Берлин (1896), узви хориҷии АИ Австрия (1900), узви фахрии АИ Саксония (1901) буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Шоҳини сафед»-и Пруссия (дараҷаи I) сарфароз гардидааст.
Китобшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Neue Apparate zur Bestimmung d. Brechungs- u nd Zerstreuungsvermögens fester und flussiger Körper» (8, Йена, 1874);
- «Beiträge zur Theorie d. Mikroscops und mikroscopischer Wahrnehmungen» («Arch. Mikrosc. Anatomie», 1873, 9);
- «Neue Beleuchtungs Apparate» (ib., 1873, 9); «Relations of aperture and power of mikroscop» («Montly Microscop. Journal», 1882 и 1883).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Аббе Эрнст // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969. — Т. 1 : А — Ангоб. — С. 14.
- ↑ 3.0 3.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118646419 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Колчинский И. Г., Корсунь А. А., Родригес М. Г. Астрономы: Биографический справочник. — Киев: Наукова думка, 1977.
- Храмов Ю. А. Аббе Эрнст Карл // Физики: Биографический справочник / Под ред. А. И. Ахиезера. — Изд. 2-е, испр. и дополн. — М.: Наука, 1983. — С. 5. — 400 с. — 200 000 экз.
- Гуриков В. А. Эрнст Аббе (1840—1905) / Отв. ред. И. И. Пахомов. — М.: Наука, 1985. — 160 с. — (Научно-биографическая серия). (обл.)
- Забиякин Ю. Е. Эрнст Аббе (к 150-летию со дня рождения) // Оптико-механическая промышленность. — 1990. — № 11. — С.80-82.
- Аббе, Эрнст // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
- Statut der von Ernst Abbe errichteten Carl Zeiss-Stiftung zu Jena. — Jena, 1906. — 54s.(олмо.)
- «Йенское обозрение». Приложение за 1979 г.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аббе Эрнст // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.