Юлиус Фучик
Юлиус Фучик | |
|---|---|
| чехӣ: Julius Fučík | |
| | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд | чехӣ: Julius Jaroslav Fučík |
| Тахаллусҳо | J. F. Pavlov[1] |
| Таваллуд |
23 феврал 1903[2][3][1][…] |
| Даргузашт |
8 сентябр 1943[4][2][3][…] (40 сол) |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Навъи фаъолият | тарҷумон, рӯзноманигор, нависанда, ношир, нақд, муҳаррир, anti-fascist |
| Забони осор | чехӣ[8] |
| Соядаст |
|
Юлиус Фучик (чехӣ: Julius Fučík, 23 феврали 1903 — 8 сентябри 1943) — адиби номдори чех, коммунист. Ходими ҳаракати коммунистӣ дар Чехословакия, нависанда, мунаққид, рӯзноманигор. Қаҳрамони миллии РСЧС.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Юлиус Фучик 23 феврали соли 1903 дар шаҳри Прага ба дунё омадааст. Ходими ҳаракати коммунистӣ дар Чехословакия, нависанда, мунаққид, рӯзноманигор. Қаҳрамони миллии РСЧС. Аз солҳои 20 яке аз муҳаррирони газета ва маҷаллаи ПКЧ — «Руде право» ва «Творба» кор кардааст. Фучик ба ИҶШС солҳои 1930, 1934—1936, аз он ҷумла ба Тоҷикистон низ омадааст ва як силсила очеркҳо навиштааст. Дар нимаи дуюми солҳои 30 ва давраи Чехословакияро забт кардани фашистон Фучик яке аз муборизони фаъоли зидди фашизм буд. Моҳи апрели соли 1942 ба дасти гестапо афтод. 8 сентябри соли 1943 дар Олмон ба қатл расид. Ҳангоми дар ҳабсхонаи Панкрапси Прага будан Фучик китоби «Гуфтор пеш аз қатл»-ро (нашраш 1945; тарҷ. тоҷикӣ 1951) навишт. Дар китоб фикру андешаҳои Фучик оид ба маънии зиндагӣ, маъсулияти ҳар як фард дар муҳофизати сулҳ ва ғайра фароҳам омадаанд.[9] Барандаи ҷоизаи байналхалқии Сулҳ (1950; баъди вафоташ) буд.[10]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 База данных Национальной библиотеки Чешской Республики
- 1 2 Discogs(англ. амр.) — 2000.
- 1 2 Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
- 1 2 Фучик Юлиус // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ https://tritius.plzen.eu/authority/129681 (чеш.)
- ↑ Institute for the Study of Totalitarian Regimes https://www.ustrcr.cz/uvod/popraveni-plotzensee/
- ↑ verschiedene Autoren Biographisches Lexikon zur Geschichte der böhmischen Länder (нем.) — R. Oldenbourg Verlag, Collegium Carolinum, 2000.
- ↑ CONOR.Sl
- ↑ Ёде аз Юлиус Фучик-адиби номдори чех, ки сафаре ба Тоҷикистон ҳам дошт(тоҷ.). kmt.tj. 11 марти 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 марти 2019.
- ↑ Энсиклопедияи советии тоҷик". — 1986. — Ҷ. 7. — С. 593.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Википедия:Статьи с нераспознанным языком (ref)
- Зодагони 23 феврал
- Зодагони соли 1903
- Даргузаштагони 8 сентябр
- Даргузаштагони соли 1943
- Даргузаштагони Берлин
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Чехословакия
- Рӯзноманигорони Чехословакия