Якоб Бёме
олмонӣ: Jakob Böhme | |
Таърихи таваллуд | 24 апрел 1575[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 17 ноябр 1624[3][4][5][…] (49 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Вебгоҳ | jacob-boehme.org |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Я́коб Бёме (олмонӣ: Jakob Böhme; 8 марти 1575, Алт-Зайденберг, Саксония — 18 ноябри 1624, Гёрлитс, Саксония) — файласуф, ориф ва илоҳиётшиноси фалсафии олмонӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар рӯҳи лютерчигӣ тарбия ёфта буд ва маълумоти ибтидоӣ дошт. Аввал шогирд, баъд мӯзадӯз буд ва соли 1599 дар Гёрлитс устохонаи мӯзадӯзӣ кушод. Соли 1600 зери таъсири шадиди рӯҳонии маҳаллӣ Мартин Меллер, ба ӯ ҳолати кашфи мистикӣ рух дод ва ӯ тамоми ҳастиро аз ду чиз: «Бале» («иродаи тираи ғазаб») ва «На» («иродаи ишқи сӯзон») иборат медонист. Баъди амиқтар шудани таҷрибаи мистикӣ ва камолоти рӯҳонӣ пайдо карданаш биниши (таълимоти) мистикии худро дар як силсила рисолаҳои дорои хусусияти фалсафию геологӣ баён намуд. Нахустин асари Б. «Аврора ё тулӯи шафақи саҳаргоҳон» (1612) ном дорад. Ин асари ӯ диққати мардумро ба худ ҷалб намуд ва шӯрои шаҳри Гёрлитс навиштани чунин рисолаҳоро ба Б. манъ кард. Баъд аз ин Б. 7 сол хомӯш монд, вале бо маслиҳати дӯстону ҳамсабақонаш боз ба фаъолияти адабию фалсафа пардохта, аз соли 1618 то охири ҳаёташ қариб 30 асар таълиф намуд, ки қисме аз онҳо нотамом мондаанд. Осори ӯро муҳаққиқон ба чанд гурӯҳ тақсим намудаанд. Асарҳои фалсафии ӯ рисолаҳои «Дар бораи се усул» (1619), «Дар бораи се тарзи зиндагии инсон» (1619), «Чиҳил савол дар бораи нафс» (1620), «Дар бораи таҷассум» (1620), «Дар бораи тарсими тамоми мавҷудот» (1622), «Мистерияи бузург», «Дар бораи дуоҳои илоҳӣ» (номи дигараш «Роҳ ба сӯи Исои Масеҳ») ва ғ. мебошанд. Дар ин асарҳо Б. худро ҳамчун як файласуфи бузург бо усули муроқибавии Ғарб нишон додааст. Дар ҷаҳонбинии ӯ ду тамоюли ба рӯҳи мистикии олмониҳо хосси «ба худ фурӯ рафтан» ва дарки натурфалсафии олами давраи Эҳё ба хубӣ мушоҳида мегардад. Таъсири ақидаҳои Б. ба афкори фалсафию ирфонӣ ва ҷаҳоншиносии Франтс Баадер, Ф. Шеллинг, Г. Гегел, А. Шопенгауэр, Ф. Нитсше, Э. Фон Гартман, А. Бергсон ва М. Хайдеггер ба хубӣ ба мушоҳида мерасад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аврора или Утренняя заря в восхождении. М., 1990.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Jaqua M. The Illumination of Jacob Boehme — 1984.
- ↑ Jacob Böhme: The Teutonic Philisopher — 2004.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Babelio (фр.) — 2007.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118512579 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бёме Якоб // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.