Ярослав Врхлиский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ярослав Врхлиский
Jan Vilímek - Jaroslav Vrchlický cut.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд:

чехӣ: Emil Jakub Frida

Санаи таваллуд:

17 феврал 1853(1853-02-17)[1][2][…] ё 18 феврал 1853(1853-02-18)[4]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

9 сентябр 1912(1912-09-09)[1][2][…] (59 сол)

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

нависанда, забоншинос, шоир, тарҷумон, педагог, намоишноманавис, либреттонавис, профессори донишгоҳ, мунаққиди адабӣ, рӯзноманигор, сиёсатмадор

Забони осор:

фаронсавӣ, забони итолиявӣ, испанӣ, олмонӣ, полякӣ, забони маҷорӣ, Забони норвегӣ ва чехӣ[2]

Ҷоизаҳо:
Имзо:

имзо

Логотипи Викитека Осор дар Викитека
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Ярослав Врхли́ский (чехӣ: Jaroslav Vrchlický — тахаллус; ному насаби аслиаш Эмил Фрида, чехӣ: Emil Frida; 17 феврал 1853, Лоуни 9 сентябри 1912, Домажлисе) — шоир, дроманавис, тарҷумони чех, сарвари ба ном мактаби «космополитӣ» дар адабиёти чехӣ.

Зиндаинома[вироиш]

Донишгоҳи Прагаро хатм кардааст. Аз соли 1893 проф. адабиёти ҳамин донишгоҳ. Ярослав Врхлицкий ба Итолиё ва дигар кишварҳои Аврупо сафар карда, адабиёти он кишварҳоро меомӯхт ва чун донандаи адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шуд. Ӯ чун мутахассис — донандаи адабиёти ҷаҳон унвони доктор гирифта буд. Муаллифи тақр. 100 ҷилд асар. Беҳтарин асарҳои В. дар маҷмӯаи «Манзумаҳои рустоӣ» (1885) ба чоп расидаанд, ки асосан ба муборизаи озодихоҳонаи заҳматкашони чех дар асрҳои 17-18 бахшида шудаанд. Дар ашъораш зиндагӣ, табиат, ишқу муҳаббатро васф намудааст. Ба забони чехӣ асарҳои Данте, Т. Тассо, Л. Ариосто, Ҷ. Байрон, Ф. Шиллер, И. В. Гёте, Ш. Петефиро тарҷума кардааст. В. ба адабиёти форс-тоҷик ва навъҳои шеъри он таваҷҷуҳи хосса дошт. Бар асари илҳом аз шеъри форс-тоҷик вай 115 ғазал эҷод кардааст. Ҳамроҳ бо эроншинос Яромир Кошут маҷмӯае бо номи «Аз девони Ҳофиз» (1881) ба чоп омода намуд, ки ба он 66 ғазал, 14 қитъа, 53 рубоӣ ва порчаҳо аз «Соқинома» ва «Муғаннинома» дохил шудаанд. Ашъори Ҳофиз ба эҷодиёти В. таъсир гузоштааст. Ӯ дар пайравии Ҳофиз чанд шеър гуфтааст.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118805789 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
  3. записи гражданского статуса
  4. Dr. Constant v. Wurzbach Vrchlický, Jaroslav // Biographisches Lexikon des Kaiserthums Oesterreich: enthaltend die Lebensskizzen der denkwürdigen Personen, welche seit 1750 in den österreichischen Kronländern geboren wurden oder darin gelebt und gewirkt habenWien: 1856. — Vol. 52. — S. 2.
  5. SNAC — 2010.
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 https://aleph.nkp.cz/F/?func=find-c&local_base=aut&ccl_term=ica=jk01151037

Адабиёт[вироиш]

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Большая советская энциклопедия. Т. 4. М., 1971.

Сарчашма[вироиш]