Jump to content

Ғафур Расулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғафур Расулов
Ғафур Расулов
Таърихи таваллуд 11 октябр 1953(1953-10-11) (70 сол)
Зодгоҳ Балҷувон , ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001)

Ғафур Расулов (тав. 11.10.1953, д. Искодари н. Айнӣ) — олим, шарқшинос ва иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1977). Дар давоми таҳсил аз соли 1974 то соли 1976 ба ҳайси тарҷумон мушовир дар Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолият намудааст. Аз соли 1973 то соли 1983 дар рўзномаҳои «Коммунисти Қурғонтеппа», «Ҳақиқати Қурғонтеппа», «Ҳақиқати Хатлон», ба ҳайси мухбири калон фаъолият 569 намуда ва аз соли 1983 то 1986 дар Давлати Исломии Афғонистон дар вазифаи тарҷумони низоми хизмат намудааст. Аз соли 1989 то 1995 дар рўзномаҳои «Паёми Душанбе» ва «Садои мардум» вазифаи мудири шуъбаро ба зимма дошт. Солҳои 1995 - 2013 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори шуъба, муовини сардори раёсат ва сардори раёсат фаъолият намуда, ҳамзамон муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон: стратегия ва тараққиёт» буд. Солҳои 2013-2015 дар вазифаи дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фоъолият намуд. Солҳои 2015-2019 сардори Раёсати тадқиқоти макро-иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ба сифати дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Рисолаи номзадиро дар мавзуи «Сармоягузориҳои хориҷӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намудааст. Узви Иттиҳоди журналистони СССР ва Тоҷикистон, Инчунин, узви Ассотсиатсияи байналмилалии журналистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон мебошад.

  • Сармоягузориҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2012.
  • Луғати тафсирии русӣ-англисӣ-тоҷикии ислоҳоти иқтисодӣ. Д., 2016