Jump to content

Ғаффор Ҷӯраев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғаффор Ҷӯраев
Ғаффор Ҷӯраев
Таърихи таваллуд 10 май 1937(1937-05-10) (87 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон, Дастгоҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1988), «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999), «Ҷоизаи Мавлавӣ»-и Бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ (1999)

Ғаффор Ҷӯраев (тав. 10.05.1937, деҳаи Зарбеди ноҳияи Конибодом), забоншиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1993), профессор (2003).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1959 факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1959–1961 ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Педагоги ҷавон»-и донишкадаи номбурда, 1961–1979 ходими хурд ва ходими калони илмии шуъбаи лаҳҷашиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон, 1979–1981 ходими калони илмии сектори Афғонистони Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Солҳои 1982–1986 дар Ҷумҳурии Афғонистон бо сафари хизматӣ қарор дошт. Солҳои 1986–1996 ҳамчун ходими калони илмӣ, ходими пешбар, сарходим ва мудири шуъбаи лаҳҷашиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон, 1996–2010 роҳбари дастгоҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Феълан профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оид ба лаҳҷаҳои арабҳои тоҷикзабон, низоми лексикаи лаҳҷавии забони тоҷикӣ ва дигар масъалаҳои муҳими забоншиносӣ тадқиқоти илмӣ ба анҷом расонидааст. Солҳои 1961–1986 дар экспедитсияҳои диалектологии минтақаҳои тоҷикнишин ва гурӯҳҳои этникии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзида, маводи фаровони луғавӣ, фонетикӣ, грамматикӣ, этнографӣ, фолклорӣ ва топонимӣ гирд овардааст. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ ва илмиву методӣ, аз ҷумла яке аз муаллифони китоби панҷҷилдаи «Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» буда, соли 1989 барои ин асар ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино мушарраф гардидааст. Бо роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ кардаанд. Дар симпозиуму конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаву гузоришҳои илмӣ баромад намудааст. Дорандаи «Ҷоизаи Мавлавӣ»-и (1999) Бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ буда, бо унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1988) сарфароз карда шудааст.

  • Луғати шеваи ҷанубӣ (Макети ҳарфи «д», бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1971;
  • Шеваҳои ҷанубии забони тоҷикӣ (Лексика), Д., 1973;
  • Лаҳҷаҳои арабҳои тоҷикзабон, Д., 1975;
  • Шеваҳои ҷанубии забони тоҷикӣ (Лексика. Дастурамали ҷамъоварии луғати шеваҳои забони тоҷикӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1982;
  • Олими пуркор ва мураббии ғамхор, Д., 1993;
  • Фарҳанги масодири забонҳо ва гӯйишҳои эронии Тоҷикистон (бо ҳаммуаллифӣ, иборат аз ду ҷилд), Д., 1997;
  • Луғати шеваҳои забони тоҷикӣ (лаҳҷаҳои ҷанубӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1997;
  • Луғати мунтахаби русӣ-тоҷикии вожаҳои роиҷ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1999;
  • Луғати калима ва истилоҳоти нав (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2003;
  • Масъалаҳои рушди забон аз нигоҳи Президент, Д., 2009.
  • Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ / Мураттибон: Мансур Маҳмудов, Ғаффор Ҷӯраев, Баҳром Бердиев. Д., 2012. ISBN 9789994744572[1]
  • Южные говоры таджикского языка / Джураев Г. [and others]. Д., 2013. ISBN 9789994794720[2]