Ғижжаки алт
Ғижжаки алт - дар гурӯҳи ғижжакҳо ҷойи сеюмро ишғол менамояд ва асосан дар оркестри созҳои халқӣ истифода бурда мешавад.
С. 1943 дар Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд лабораторияи илмию таҷрибавӣ таъсис ёфт ва як зумра устоҳо бо роҳбарии А. И. Петросян ба такмилу таҷдиди созҳои халқӣ шурӯъ карданд. Маҳз бо ташаббуси онҳо созҳои халқӣ ба гурӯҳҳои мустақил ҷудо карда шуданд. Гурӯҳи ғижжакҳо дар асоси квинтети оркестри симфонӣ такмил дода, бо бисёр нишонаҳо (ҷӯр, номгӯи торҳо, диапазон, иҷрои штрихҳо ва ғайра) ба онҳо монанд шудаанд. Баъдтар ғижжаки алт, ғижжаки бас ва ғижжаки контрабас пайдо гаштанд. Гурӯҳи ғижжакҳоро дар партитураи оркестрӣ аз ҳама охир ҷойгир мекунанд. Тартиби ҷойгиршавии ғижжакҳо чунин аст: ғижжакҳои якум ва дуюм (онҳоро ғижжаки прима мегӯянд), ғижжаки алт, ғижжаки бас ва ғижжаки контрабас.
Ғижжаки алт дар гурӯҳи ғижжакҳо ҷойи сеюмро ишғол менамояд ва асосан дар оркестри созҳои халқӣ истифода бурда шуда, овозҳои регистри миёнаи гурӯҳи ғижжакҳоро дар бар мегирад. Ғижжаки алт чор тор дошта, бо фосилаи квинта ҷӯр мешавад: тори якум «ля»-и октаваи якум, тори дуюм «ре» октаваи якум, тори сеюм «сол»-и октаваи хурд, тори чорум «до»-и октаваи хурд. Нотаҳои Ғижжаки алтро дар калиди алт ва нотаҳои регистри баландашро дар калиди скрипка менависанд. Диапазони пурраи садобарориаш аз нотаи «до»-и октаваи хурд то нотаи «ля»-и октаваи сеюмро дар бар мегирад. Бо ғижжаки алт ҳамаи штрихҳоеро, ки дар ғижжакҳои прима иҷро менамоянд, навохта мешавад.
Солҳои 50 – 80 – уми садаи 20 дар Тоҷикистон машшоқони номии ин соз Иброҳим Бобоев, Бобоумар Бобомуродов, Мурод Бозоров,Сангинмурод Назаров фаъолият доштанд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вызов Т. С., Музыкальные инструменты Средней Азии //Исторические очерки, М., 1980;
- Петросян А. И., Инструментовидение// Узбекские народные инструменты, Т., 1980;
- Ҷумъаев Ҳ., Охунов Ҷ., Дарси ғижак, Д., 1983.