Ғолиби Деҳлавӣ
![]() | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | форсӣ: Mirza Asadullah Baig Khan |
Тахаллусҳо: | مرزا غالب |
Таърихи таваллуд: | 27 декабр 1797[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 15 феврал 1869[1][2] (71 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда, насрнавис, муаррих |
Жанр: | ғазал |
Забони осор: | форсӣ, урду ва арабӣ |
![]() |
Мирзо Асадулоҳхон Ғолиби Деҳлавӣ (форсӣ: مرزا اسداللہخان غالب دهلوی; 27 декабр 1797[1][2], Kala Mahal[d], Агра — 15 феврал 1869[1][2], Kala Kasim Khan[d], Роҷи Бритониё ё Деҳлӣ, Роҷи Бритониё) — шоир, нависанда, пажӯҳишгар ва адиби форсигӯи Ҳинд, донишманди муътабари тасаввуфу улуми қуръонӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузаштагонаш аз Самарқанд будаанд. Дар 5-солагӣ ятим монд, маълумоти ибтидоиро дар хона, дар назди модараш Иззатуннисо гирифт ва дар як муддат улуми роиҷи замон — мантиқ, фалсафа, тиб, ҳайат, сарфу наҳви арабӣ, арӯз, мусиқӣ, таърих, Қуръону ҳадис, фиқҳ, тафсир ва тасаввуфро аз худ намуд. Дар 15-солагӣ аз Акбаробод ба Деҳлӣ рафта, бақияи умрро он ҷо гузаронд ва бо муқаррари моҳонае, ки подшоҳи Деҳлӣ барояш таъйин карда буд, зист. Соли 1850 ба дарбори Темуриёни Ҳинд ба ҳайси воқеанависи дарбор даъват шуд; соли 1854 мушовири Баҳодуршоҳи II — охирин фармонравои муғулон дар Ҳинд таъйин гардид. Дар ҳодисаи шӯриши сипоҳиён алайҳи ишғолгарони Британия дар Ҳинд гумонбар шуд, вале бо заҳамоти зиёд аз пайгард раҳоӣ ёфт.
Ғолиби Деҳлавӣ аз шоирони пуркор буда, аз даҳсолагӣ ба шеърнависӣ пардохтааст. Асосан ба форсӣ шеър гуфтааст, аммо ашъори ба урду сурудааш низ ҷойгоҳи вижа дорад. Аз ин рӯ, ӯро «падари шеъри урду» лақаб додаанд. Ӯ бори нахуст андешаҳои фалсафиро вориди шеъри урду кард ва ба шоирони пас аз худ таъсир гузошт. Осори Ғолиби Деҳлавӣ ба урду инҳоянд: «Девони урду», «Уди ҳиндӣ», «Муаммоҳои урду», «Макотиби Ғолиб», «Нодироти Ғолиб» ва «Нукоти Ғолиб» (ин рисола оид ба сарфу наҳви форсист). Дар назми форсӣ пайрави сабки ҳиндӣ буд. Осораш: «Куллиёти назми форсӣ» (10522 байт, иборат аз қасида, ғазал, рубоӣ, мухаммас, қитъа, таркиббанд, тарҷеъбанд ва маснавӣ), «Сабадчин» (825 байт аз назми форсӣ, ки пас аз «Куллиёт»-аш эҷод шуда), «Мутафарриқоти Ғолиб» (аз ду қисм иборат буда, қисми аввал мактубҳои ба дӯстон навиштааш, қисми дуввум ду шеъри урду ва ду қитъаю ду маснавии форсиро дар бар гирифтааст), «Сабади боғи дудар» (осори манзуму мансур, ки дар охири ҳаёташ таълиф шуда), «Дуои сабоҳ» (манзумае иборат аз 129 байт бар асоси як қиссаи динии арабӣ), «Панҷ оҳанг» (баррасии мавзӯъҳои мухталиф дар номанигорӣ, ки Мирзо Алибахшхони Ранҷур — фарзанди Илоҳибахшхон онро гирдоварӣ кардааст; оҳанги якум дар фанни номанигорӣ, оҳанги дуввум дар дастури забони форсӣ, оҳанги севум дар интихоби ашъорест, ки онро ба муносибате дар номанигорӣ метавон истифода бурд, оҳанги чаҳорум дар дебоча, оҳанги панҷум дар номаҳоест, ки барои амирон, дӯстон ва ошноёни хеш навиштааст), «Меҳри имрӯз» (таърихи хонадони Темуриёни Ҳинд дар ду ҷилд, ҷилди аввал аз оғози офариниш то аҳди Ҳумоюнподшоҳ, ҷилди дуввум аз аҳди Акбар то Баҳодуршоҳи II — охирин подшоҳи темурии Ҳинд), «Дастанбӯ» (тафсили воқеъаҳое, ки дар давраи шӯриши халқии солҳои 1857-59 дар Деҳлӣ аз сар гузаронидааст ва дигар воқеаҳои таърихии он давр), «Қотеъи бурҳон» (дар нақди фарҳанги «Бурҳони қотеъ»-и Мавлавӣ Муҳаммадҳусайни Табрезӣ) ва «Дирафши ковиёнӣ» (фарҳанги тафсирӣ).
Дар ибтидо пайрави мактаби Мирзо Абдулқодири Бедил буд. Баъдан бо ташвиқи донишманд ва адиб Мавлоно Фазлиҳаққи Ҳайдарободӣ аз пайравӣ ба сабки Бедил даст кашид, аммо таъсири афкору андешаи Бедил дар ҳамаи давраҳои эҷодиёти ӯ эҳсос мегардад. Дар осори Ғолиби Деҳлавӣ масоили мухталифи рӯзгори адиб, аз ҷумла танқиди зулму золимон, шикоят аз нобасомониҳои зиндагӣ, мазаммати таассубу хурофот, бовар ба ояндаи нек, тасвири рӯзгори пурмашаққаташ, тараннуми ишқу ихлоси поки инсонӣ, башардӯстию меҳри ватан, фалсафа ва панду ҳикмат ҷои намоён дорад.
Соли 1958 нусхаи ҷадиди маҷмӯаи ашъораш (ғазалиёту рубоиёти форсӣ) бо тасҳеҳу таҳқиқи Муҳаммадҳасани Ҳоирӣ ва соли 1962 қасоиди форсияшро бо номи «Суманоти хаёл» ҳамин муҳаққиқ дар Теҳрон ба чоп расонд. Соли 1954 коргардони ҳиндӣ Суҳроб Мудӣ пиромуни зиндагиномаи Ғолиби Деҳлавӣ филми бадеӣ таҳия кард, ки мухлисони зиёде пайдо намуд. Ин байт аз Ғолиби Деҳлавӣ аст:
Нагуфтаӣ, ки ба талхӣ бисозу панд пазир,
Бирав, ки бодаи мо талхтар аз ин панд аст!
Ва ин рубоӣ низ:
Эй он ки диҳӣ моя каму хоҳиш беш,
Он рӯз, ки вақти бозпурс ояд пеш,
Бигзор маро, ки ман хаёле дорам
Бо ҳасрати айшҳои нокардаи хеш!
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғолиби Деҳлавӣ / А. Ғаффоров, З. Ғаффорова, Ҳ. Қаландаров // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.