Ғуломсарвари Лоҳурӣ
Таърихи таваллуд: | 1837[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 14 август 1890 ё 1890[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | олим, муаррих, фақеҳ |
Забони осор: | арабӣ, форсӣ ва урду |
Ғуломсарвари Лоҳурӣ (форсӣ: غلامسرور لاهوری; 1837[1], Лоҳур — 14 август 1890 ё 1890[1], Бадр, минтақаи Мадина[d]) — донишманди дин, орифи суҳравардӣ, пизишк, шоир, таърихнигор ва тазкиранависи форсигӯи Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Назди падараш, муфтӣ Ғуломмуҳаммад фарзанди Раҳимуллоҳи Қурайшии Асадии Ҳошимӣ, ки аз пизишкони маъруфи Лоҳур буд ва аз дигар устодон улуми ҳадис, тафсир, фиқҳ, таърих, сарфу наҳв, маонӣ, мантиқ ва пизишкиро омӯхт. Чанде дар дастгоҳи девони Лоҳур хидмат кард, сипас аз мулозимат даст кашида, танҳо ба таълифи асарҳо дар мавзӯъҳои гуногун машғул шуд. Машҳуртарин асари Ғуломсарвари Лоҳурӣ — тазкираи «Хазинату-л-асфиё» (ба форсӣ; солҳои таълифаш 1863-65) фарогири маълумот дар бораи шарҳи ҳоли мухтасари бузургони дин ва машоихи суфия, баъзе силсилаҳои тасаввуфӣ дар 7 боб (махзан) аст: 1) паёмбар (с) ва хулафои рошидин, дувоздаҳ имом, пешвоёни аҳли суннат ва ҷамоат; 2) қодирия; 3) чиштия; 4) нақшбандия; 5) суҳравардия; 6) дигар силсилаҳои тасаввуфӣ; 7) ҳамсарону духтарони паёмбар (с), суфизанон ва маҷзубон. Ҳамчунин аз осори ӯст: «Ганҷинаи Сарварӣ» ё «Ганҷи таърих» (ба форсӣ; дар зикри паёмбар (с), хулафои рошидин, имомон, хулафои умавӣ ва аббосӣ, машоихи суфия, занони паёмбар (с), суфизанон, шоҳони Ҳинд, бархе аз сардорону шоирони маъруф); фарҳанги форсӣ-урдуи «Зубдату-л-луғот», маъруф ба «Луғоти Сарварӣ»; «Ҷомеъу-л-луғот» (фарҳанги вожаҳои форсӣ, арабӣ, туркӣ ва маънои онҳо ба забони урду); «Гулдастаи каломот» (ба урду; дар маноқиби шайх Абдулқодири Гелонӣ); асарҳои ахлоқӣ: «Ахлоқи Сарварӣ», маснавии «Гулшани Сарварӣ» ва «Махзани ҳикмат» (ҳар се ба урду), «Туҳфату-л-аброр» (баргардони манзуми «Панднома»-и Аттор" ба урду), «Иншои сафдар» (маҷмӯи мактуботи форсӣ бо тарҷумаи урду, ки барои писаронаш Ғуломҳайдар ва Ғуломсафдар навиштааст). Табъи шоирӣ низ дошт; бо тахаллуси «Сарвар» шеър мегуфт, хусусан дар гуфтани моддаи таърих дасти тавоно дошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Library of Congress Authorities (ингл.) — Library of Congress.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғуломсарвари Лоҳурӣ / С. Маҳмадуллоҳ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.