Ғулом Алиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ғулом Алиев
Ғулом Алиевич Алиев
Санаи таваллуд:

20 декабр 1915

(103 сол)
Зодгоҳ:

Самарқанд, Вилояти Самарқанд , Империяи Русия.

Санаи марг:

13 феврал 2009(2009-02-13)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

генетика, селексия, зоотехния, парвариши гӯсфанд.

Ҷойҳои кор:

филиали Тоҷикистонии Институти тадқиқоти-илмии чорводории АИ СССР, Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, АИ ҶШС Тоҷикистон, Вазорати хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон, Комитети Марказии ҲК Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои кишоварзӣ

Унвонҳои илмӣ:

профессор, академик

Алма-матер:

Институти хоҷагии қишлоқи Самарқанд

Ҷоизаҳо:

4 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат; 8 медали давлатии СССР; Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон; Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1975), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001)

Ғулом Алиевич Алиев (20 декабри 1915, Самарқанд - 13 феврали 2009, Душанбе) — зоотехник-селексионер, ходими давлатӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1953), доктори илми кишоварзӣ (1965), профессор (1973), академики ВАСХНИЛ (1972), академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (1994), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1975), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001).

Зиндагинома[вироиш]

Ғулом Алиев дар маҳаллаи Боғишамоли ш.Самарқанд ба дунё омадааст. Институти хоҷагии қишлоқи Самарқандро хатм кардааст (1934). Зоотехники совхози гӯсфанди қароқӯлипарварии ноҳияи Ғузори Ӯзбекистон (1934-1935), ассисистенти кафедраи афзоиш ва генетикаи чорвои Институти мазкур (1935-1941), директори стансияи таҷрибавии комплексии чорводории Тоҷикистон (1941-1942), ҷон. мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи КМ ПК(б) Тоҷикистон (1942-1943), корманди дипломатӣ дар Эрон (1943-1945), директори филиали Тоҷикистонии Институти тадқиқоти-илмии чорводории АИ СССР (1945-1950), ректори Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1950-1953; 1973-1981)[1],ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1953-1958), и.в. президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1954-1957), ҷонишини вазир ва вазири хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1958-1962), котиби КМ ҲК Тоҷикистон (1962-1973). Соли 1981-1990 – мудири Лабораторияи генетика ва селексияи гӯсфанди назди шӯъбаи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии АИ ҶШС Тоҷикистон. Ғулом Алиев узви Комитети умумиҷаҳонӣ оид ба номенклатураи генетикӣ (1989), Раиси шӯъбаи Тоҷикистони Ҷамъияти умумииттифоқии генетикҳо ва селексионерони ба номи Н. Вавилов ва депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 4-9) буд.[2][3]

Мероси илмӣ[вироиш]

Аз соли 1945 ба кори илмӣ пардохта, зоти нави гӯсфанди серпашму серравған ва сергӯшт – “гӯсфанди тоҷикӣ”-ро ба вуҷуд овард (1963). Муаллифи беш аз 350 асару мақолаи илмӣ ва чор монография доир ба масъалаҳои рушди минбаъдаи чорводорӣ ва беҳбуди сифати зоти чорво, бордоркунии сунъӣ, таҳқиқи физиологияи чорво дар шароити иқлими гарм, таҳлили зоотехники ва беҳтар кардани базаи хӯроки чорво мебошад.

Осор[вироиш]

  • Гӯсфанди сергӯшту серравған ва серпашми тоҷикӣ. — Душанбе, 1967 (ба заб. русӣ);
  • Тавсияҳо доир ба хушзот ва сермаҳсул гардонидани зоти гӯсфанди тоҷикӣ. — Душанбе, 1986 (ба заб. русӣ);
  • Генетические основы пигментации шерстного покрова овец / соавт. М.Л. Рачковский; отв. ред. Я.Л. Глембоцкий; АН Тадж. ССР. Отд. охраны и рацион. использ. природ. ресурсов. — Душанбе: Дониш, 1987. — 200 с.;
  • Биологические основы содержания овец в условиях жаркого климата / соавт. В. Тен; отв. ред. Р.Г. Мустакимов; АН Тадж. ССР. Отд. общ. генетики. — Душанбе: Дониш, 1991. — 319 с.

Ҷоизаҳо[вироиш]

  • 4 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат;
  • 8 медали давлатии СССР;
  • Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон;
  • Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1975),
  • дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001).[4][5]

Манобеъ[вироиш]

  1. Таърих/сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
  2. АЛИЕВ Гулям Алиевич
  3. Биография
  4. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, - С. 22 — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6
  5. Энсиклопелияи советии РСС Тоҷикистон. Ӌилди 1. – Душанбе, 1988.