Қаймоқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаймоқ
Қаймоқи туркӣ
Кишвари асл
Таркибот
Асосӣ Шир
 Парвандаҳо дар Викианбор

Қаймоқ ё саршир — маҳсулоти парҳезии серравғанест, ки баъди аз сепаратор гузаронидани шири гов ҳосил мешавад.

Таркиби қаймоқ 10—60 % равған дорад. Санъати коркарди шир барои савдои умумӣ қаймоқи моеъ ва хушк истеҳсол мекунад. Азбаски қаймоқ дар таркибаш равғани зиёд дорад, маҳсулоти хеле серғизо ҳисоб меёбад. Дар таркиби он ғайр аз равған боз сафеда, карбогидрат, намакҳои минералӣ, витаминҳои А Е В В2 С РР ва ғайра ҳастанд. Калория -и қаймоқи равғаннокиаш 10-фоиза — 1173, қаймоқи 20-фоиза — 2131 ва 354-фоиза 3345 аст. Қаймоқ барои тайёр кардани таомҳо ва маҳсулоти хамирии гуногун истифода мешавад. Азбаски ҳангоми лат задан қаймоқ зуд ва ба осонӣ кафк ҳосил мекунад, онро бештар барои пухтани таомҳои ширин ва маҳсулоти қаннодӣ кор мефармоянд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]