Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Қалъаи Дашт (совхоз)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Қалъаи Дашт» — совхоз дар ноҳияи Файзобод, ки соли 1972 ташкил шуда буд.

Совхози «Қалъаи Дашт» ҳудуди деҳаҳои Элок, Дашти Марзо, Бобои Валӣ, Дараи Гӯсфандак, Қалъаи Дашт ва Очилдиро дар бар мегирифт.

Самти фаъолияташ чорвопарварӣ, боғпарварӣ ва ғаллакорӣ буд. Дар совхози «Қалъаи Дашт» 1740 коргар кор мекард. «Қалъаи Дашт» 5 323 га замини кишт, 2 500 сар чорво, 4 ферма, 68 адад техника, анбор ва парки нақлиётӣ дошт. Дар ҳудуди совхоз 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 китобхона ва 3 бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекард. «Қалъаи Дашт» соли 1992 ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим шуд.