Очилдӣ
Намуди зоҳирӣ
| Деҳаи Очилдӣ | |
|---|---|
| Кишвар | Тоҷикистон |
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
| Ноҳия | Файзобод |
| Ҷамоат | Деҳоти Қалаидашт |
| Аҳолӣ | 1071 нафар (2010), тоҷикон |
| Хоҷагӣ | 156 |
Очилдӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қалаидашти ноҳияи Файзобод. Аҳолиаш 1071 нафар (2010), тоҷикон. Аз 156 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа муасисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази хидматрасонии маишӣ, 13 хоҷагии деҳқонӣ, 4 мағоза, сехи коркарди чӯбу тахта дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳии мавзеи Хоҷаёқуб обёрӣ мешаванд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.