Jump to content

Қимат Ашӯрова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кимат Ашӯрова
Таърихи таваллуд 1915(1915)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1986
Маҳалли даргузашт
Ҷоизаҳо

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ

Кимат Ашӯрова (1915, деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор — 1986, ҳамон ҷо) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1957).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1915 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст.

Сардори звено ва бригадаи пахтакории колхози «Тоҷикистони Сурх» (1934-58), раиси Колхози ба номи Ф. Э. Дзержинский (1958-60), раиси ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор (1960-71). Аз соли 1971 нафақагири шахсӣ буд. Бригадааш ба гирифтани ҳосили фаровони пахта комёб шудааст. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 2-5). Бо ордени Ленин, медалҳо, аз ҷумла ба медалҳои тило, нуқра ва биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ, Грамотаҳои Фахрии Президи­уми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.