Jump to content

Қиёмиддин Миралиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Миралиев Қиёмиддин Абдусалимович
Таърихи таваллуд 6 сентябр 1977(1977-09-06)
Зодгоҳ ноҳияи Вахш, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша олим
Падар Миралиев Абдусалим Миралиевич
Модар Файзова Идигул Муродовна
Ҷоизаҳо

ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника (2009)
нишони хотиравии «МПА СНГ. 25 лет» (2017)

Қиёмиддин Миралиён (Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, то апрели соли 2015 Миралиев Қиёмиддин Абдусалимович; 6 сентябри 1977, ноҳияи Вахш, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатшинос, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қиёмиддин Миралиев 6 сентябри соли 1977 дар ноҳияи Вахши вилояти Қурғонтеппаи ҶШС Тоҷикистон дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст. Падараш — Миралиев Абдусалим Миралиевич, модараш — Файзова Идигул Муродовна соли 1972 бо мақсади рушду равнақ додани ҳаёту фаъолияти косибӣ аз минтақаи Кулоб (ноҳияи Москва) ба минтақаи Қурғонтеппа кӯч мебанданд. Асли аҷдоди ӯ аз қисмати ҷанубии минтақаи Кӯлоб маншаъ мегирад. Гузаштагонаш ба ҳунармандӣ, косибӣ, чармгарӣ, чӯбтарошӣ, ҷувозкашӣ ва ғайра машғул будаанд.

Қиёмиддин Миралиён таҳсилро аз деҳаи Теппалик, мактаби ибтидоии № 49 соли 1983 оғоз намуда, маълумоти миёнаи пурраро дар мактаби миёнаи № 1 (маркази ноҳияи Вахш) солҳои 1986—1994 аз худ мекунад. Ҳангоми таҳсил аз қатори таълимгирандагони фаъол буда, ба фанҳои математика, химия, биология ва мантиқ шавқу рағбати зиёд дошта, ба касби табиб мароқ зоҳир мекунад ва ба он омодагӣ мебинад. Аммо, бинобар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ӯ ба ин мақсади худ намерасад, чун касби табибӣ танҳо дар шаҳри Душанбе омӯзонида мешуд. Зимнан, рӯҳафтода нашуда, Қиёмиддин Миралиён соли 1994 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа, ба факултаи математика дохил шуда, онро соли 1999 бо ихтисоси «Математик» хатм менамояд[1].

Оиладор, соҳиби чор писару як духтар.

Кор ва фаъолият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми донишгоҳ Қиёмиддин Миралиён дар факултаи математика ба ҳайси омӯзгор таъйин гардида, ҳамагӣ баъди се моҳи фаъолият ба мансаби мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ таъйин мегардад. Фаъолияти касбии сиёсии Қиёмиддин Миралиён аз ҳамин лаҳза оғоз мегардад. Дар донишгоҳ дар ҳамин мансаб, ҳамзамон омӯзгори фанни геметрияи тасвирӣ (ба сифати ҳамкор) давоми ду сол (солҳои 1999—2001) фаъолият менамояд. Дар ин муддат таъсиси Маркази ҷавонони донишгоҳ, Маҳфили волонтёрон «Фидоиёни ҷавон», ташкили тими ҳозирҷавобон (КВН) «Леваканд» ва қабули Барномаи рушди ҷавонон Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппаро ташаббус мекунад.

Хидмати давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2001 ба вазифаи сармутахассиси Шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Қурғонтеппа даъват таъйин мегардад. Дар ин вазифа низ муддати зиёд намонда, моҳи ноябри ҳамин сол ба шаҳри Душанбе ба вазифаи мутахассиси Идораи сиёсати иҷтимоии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мегардад. Ҳамзамон ба Шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар бахши сиёсатшиносӣ дохил шуда, ба таҳқиқи илмии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон машғул мегардад. Рисолаи номазидашро дар мавзӯи «Ҳолат ва пешомадҳои ташкилотҳои ҷавонон дар Тоҷикистони муосир» 19 майи соли 2007 ҳимоя менамояд[2].

Соли 2002 ба мансаби директори Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон таъйин мегардад.

Солҳои 2006—2007 дар мансаби сардори Идораи робитаҳои хориҷии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007—2012 дар мансаби мудири Шуъбаи сиёсати иҷтимоӣ ва солҳои 2012—2014 дар мансаби муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони ҳамин кумита фаъолият менамояд[1].

Соли 2014 бо Қиёмиддин Миралиён муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад[3].

Аз 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, аз рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати панҷум) интихоб мегардад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қиёмиддин Миралиён тадқиқоти илмиро дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон тақвият бахшида, дар давоми панҷ сол (2013—2018) рисолаи докториро бо назардошти натиҷаҳои илмии назариявию методологӣ омода месозад. Рисолаи докториро дар мавзуъи «Хусусиятҳо ва технологияҳои рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 6 июли соли 2018 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя менамояд.

Қиёмиддин Миралиён то соли 2018 муаллифи 10 монография ва китобҳои таълимӣ, 75 дастурҳои методию амалӣ, 150 мақолаҳо, аз ҷумла 22 мақолаҳои илмӣ, ки дар нашрияҳои Рӯйхати Комиссияи олии аттестатсионии (ВАК) Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия нашр гардидаанд.

Солҳои 1999—2001 дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа Қиёмиддин Миралиён ба сифати ҳамкор — ассистенти кафедраи алгебра ва геометрия (омӯзгор аз фанни Геометрияи тасвирӣ) фаъолият намудааст.

Аз соли 2015 инҷониб дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҳамкор — дотсенти кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ (омӯзгор аз фанни Сотсиологияи идоракунӣ) фаъолият менамояд.

Барномаҳо
  • Миралиев Қ. А. Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013—2015 // Д.: САМТ, 2012. — 60 с. (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ)
  • Миралиев Қ. Ташаккулдиҳӣ ва рушди фаъолияти марказҳои ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Д.: САМТ, 2012. — 90 с.
  • Миралиев Қ. А. Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011—2013 // Д.: 2011. — 69 с. (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ)
Монографияҳо[4]
  • Абдуллозода А. Р., Миралиён Қ. А. Пешвои миллат бо ҷавонон // Д.: Ганҷ, 2018. — 416 с. (бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ)
  • Миралиён Қ. А. Сиёсати ҷавонон (Дар мисоли Тоҷикистон) // Д.: Адабиёти бачагона, 2016. — 574 с. (бо забони русӣ)
  • Миралиев Қ. Ҷавонон ва 20 соли Истиқлолият // Д.: САМТ, 2012. — 272 с.
  • Миралиев Қ. Рушди сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон дар асри XXI // Д.: Шуҷоиён, 2010. — 225 с.
  • Миралиён Қ. Ташаккулёбии сиёсати ҷавонон ва ҷанбаҳои идеологии он // Олмон: LAPLAMBERT Academic Publishing, 2015. — 89 с. (бо забони русӣ)
  • Миралиев Қ. Амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон ва нақши он дар таҳкими иқтидори ҳаракатҳои ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷомеаи муосир // Д.: Рафиграф, 2006. — 186 с. (бо забони русӣ)
  • Миралиев Қ. А. Нақши усулҳои интерактивии таълим дар ташаккулёбӣ ва рушди ҳаёти иҷтимоии ҷавонон // Д.: Хадамот, 2012. — 66 с.
  • Миралиев Қ. А. Қадамҳои нав дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон // Д.: Басанта, 2014. — 112 с.
Китобҳои таълимӣ
  • Миралиён Қ., А. Роҳнамо: Идеологияи миллӣ ва ҷавонон: аз ҷониби Шӯрои илмӣ-методии ДИДНПҶТ аз 29.02.с.2016, № 4 барои нашр тавсия шудааст // Д.: Адабиёти бачагона, 2016. — 165 с.
  • Миралиён Қ. А., Абилова Г. С. Сотсиологияи идоракунӣ: аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.с.2017, № 1/11 барои нашр тавсия шудааст // Д.: Адабиёти бачагона, 2017. — 432 с.
  • 2009 — ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника (бо дарназардошти дастовардҳои илмӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон).
  • 2017 — нишони хотиравии «МПА СНГ. 25 лет» (барои фаъолнокӣ дар самти қонунгузорӣ дар сатҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2017 аз ҷониби Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 МИРАЛИЁН ҚИЁМИДДИН АБДУСАЛИМЗОДА | Хадамоти матбуотии МН МО. parlament.tj. 19 феврали 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 сентябри 2017.
  2. Диссертатсия на тему "Состояние и перспективы развития молодежных объединений в современном Таджикистане". Научная библиотека диссертаций и авторефератов disserCat.
  3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.07.2014, № 275
  4. Қиёмиддин МИРАЛИЁН. Китобҳо(тоҷ.). https://miraliev.com.+19 феврали 2019 санҷида шуд.
  • miraliev.com — вебгоҳи расмии Қиёмиддин Миралиён