Қодири Қосим
Таърихи таваллуд: | 9 апрел 1961 (63 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум. |
Қодири Қосим (9 апрели соли 1961, ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон) — агроном, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум.[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст. Фаъолияташро соли 1983 ба ҳайси агроном боғпарвари совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои агроном ва сарагрономи совхози «50 солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инструктори комитети марказии ЛКСМ Тоҷикистон, Котиби дуюми комитети вилоятии ЛКСМ Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, ҷонишини сардори идораи хоҷагии қишлоқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини вазири кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон меҳнати пурсамар намудааст.
Аз соли 2006 то соли 2013 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз соли 2013 то соли 2017 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Аз феврал соли 2017 дар вазифаи Раиси иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2004 бо ордени «Дӯстии халқҳо» қадрдонӣ шудааст.[2]
17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қодири Қосим(тоҷ.). www.parlament.tj. 18 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 марти 2020.
- ↑ 2.0 2.1 Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум(тоҷ.). www.parlament.tj. 18 марти 2020 санҷида шуд.