Jump to content

Қозидавлат Қоимдодов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қозидавлат Қоимдодов

Таваллуд 7 октябр 1949(1949-10-07) (75 сол)
Таҳсилот

Қозидавлат Қоимдодов (7 октябри 1949, Тоҷикистон) — давлатмард ва дипломати тоҷик. Номзади илмҳои кишоварзӣ (1997).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қозидавлат Қоимдодов 7 октябри соли 1949 дар ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Соли 1971 факултети зоотехникии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 1986 Мактаби олии ҳизибӣ-сиёсии Тошкандро хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро соли 1971 дар вазифаи зоотехники колхози «Съезди XX партия»-и ноҳияи Шуғнон оғоз кардааст.

  • Солҳои 1971—1972 дар хидмати ҳарбӣ буд.
  • Солҳои 1973—1978 дар созмонҳои кор бо ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) кор кардааст.
  • Солҳои 1978—1992 дар мақомоти роҳбарии ҳизбии ВМКБ кор кардааст. Мудири шуъбаи кумитаи шахрӣ, кумитахои вилоятӣ, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ.
  • Солҳои 1990—1995 вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.
  • Солҳои 1991—1992 дар шаҳри Маскав ба ҳайси раиси Кумитаи Шӯрои Олии ИҶШС дар масъалаҳои аграрӣ ва озуқаворӣ кор кардааст.
  • Солҳои 1992—1995 дар Душанбе ба ҳайси муовини раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон кор кардааст.
  • Солҳои 1995—2000 вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд .
  • Солҳои 1995—2000 дар вазифаи муовини раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон кор кардааст.

Узви комиссия одар таҳияи Конститутсияи Тоҷикистон. Ноиби раиси гурӯҳи миллии парламенти ҶШС Точикистон дар Иттифоки байнипарламентй. Узви сессияхои Пекин, Коҳира, Маскав Брюссели Иттиходи байнипарламентй. Иштирокдор ҷаласаи Иттиҳоди байнипарлумонии САҲА, муовини раиси Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби ширин (2003).

Солҳои 2000—2005 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Раёсати Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, ҳамоҳангсози ҳукуматии Созмони Оғохон дар Тоҷикистон (1993—2005) кор кардааст.

Аз соли 2005 то октябри 2009 — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон[1] .

Аз ноябри соли 2009 — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус[2], Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ. Аз 19 сентябри соли 2011 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литва дар вазифаи ғоибона[3]. Аз 15 июни соли 2012 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Латвия вазифаи ғоибона[4]. Аз 18 июни соли 2012 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эстония[5] .