Қосими Қонунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қосими Қонунӣ
Қосими Қонунӣ
Зодгоҳ Машҳад
Таърихи даргузашт 1600(1600)
Пеша(ҳо) навозанда

Қосими Қонунӣ (форсӣ: قاسم قانونی‎; Устод Қосими Созанда; ? , Ҳирот — тақр. 1600, Машҳад) — навозанда, оҳангсоз, хонанда-шоир. Ибтидои санъати шеъру мусиқиро аз падараш омӯхт, назди устодони мусиқии Ҳирот, Бухоро, Марв ҳунарашро такмил медиҳад, Дар овозхонӣ, сознавозӣ, хаттотӣ нобиғаи замон буд ва муддате дар дарбори Шоҳ Таҳмосб ба сифати мутриб ва хаттот хидмат намуда, чандин таснифоти со-зию овозиашро ба Иброҳим Мирзои Сафавӣ ва диг. шоҳзодагони сафавӣ тақдим мекунад. Қосими Қонунӣ дар шаклҳои шеърию мусиқии «амал», «савт», «нақш», «қавл», «навбат», «кор», «пешрав» ва ғ. ба зарбу навоҳои «Рост», «Исфаҳон», «Ироқ» таснифоти гуногунмавзӯъ тасниф намуда, асарҳояш «Пешрави Қонунӣ», «Савти Қонунӣ», «Амали Қонунӣ», «Рехтаи Рост», «Амали Қосим», «Кор ба Уззол», «Саҷъ ба Ҳусайнӣ» дар ҳавзаҳои ҳунарии Ҳироту Машҳад, Бухорою Самарқанд, Марв шуҳрати зиёд касб карда, ба қисме аз онҳо «Амали доруи сар» (дар усули Фохта, ба мақоми «Рост», шуъбаи «Нишобурак») устодони мусиқӣ назираҳои рангин сохтаанд. Шеърро (ғазал, рубоӣ) низ некӯ мегуфтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Восифӣ, Бадоеъу-л-вақоеъ, М., 1961;
  • Сом-мирзои Сафавӣ, Тӯҳфаи Сомӣ, Теҳрон, 1338;
  • Дарве-шалии Чангӣ, Тӯҳфат-ус-сурур, Р:449, ИВАН Уз. ССР;
  • Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1373; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3, Душ.,2004.[1]



  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 112 ISBN 978-99947-49-13-3