Ҳабибулло Абдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҳабибулло Абдуллоев
Абдуллоев Ҳабибулло Одинаевич
Санаи таваллуд:

19 августи соли 1946

Зодгоҳ:

шаҳри Ваҳдат

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

физикаи назариявӣ

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои физика ва математика

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Роҳбари илмӣ:

узви вобастаи АИ ҶТ Фотеҳ Ҳакимов

Шогирдони маъруф:

Фарҳод Раҳимӣ

Ҷоизаҳо:

Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Медали «Хизмати шоиста»

Ҳабибулло Абдуллоеволим, омӯзгор, физикадон, доктори илмҳои физикаю математика (1992), профессор (1996), узви вобастаи АИ ҶТ (2017), дорандаи медали «Хизмати шоиста» (2002) ва унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009).

Зиндагинома[вироиш]

Абдуллоев Ҳабибулло Одинаевич 19 августи соли 1946 дар шаҳри Ваҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1968 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба ихтисоси «физика» хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз вазифаи ассистенти кафедраи физикаи назариявӣ (1968—1972) оғоз гардида, минбаъд дар вазифаҳои дотсент (1972—1994), профессор (1994—1996), мудири кафедра (1996—2010) ва аз соли 2010 то имрӯз профессори ҳамин кафедра, идома дорад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Рисолаи докториашрот зери роҳбарии яке аз поягузорони илми физика дар Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Фотеҳ Ҳакимов соли 1992 дар мавзӯи «Таҳқиқотҳои назариявӣ ва моделсозии математикии ҳодисаҳои ғайрихаттӣ дар системаҳои магнитӣ» дар Институти муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроии шаҳри Дубна (Федератсияи Русия) дифоъ кардааст. Таҳқиқоти илмии Абдуллоев Ҳ.О. ба назарияи сохторҳои ғайрихаттии системаҳои магнитӣ бахшида шудааст. Аввалин бор аз тарафи Абдуллоев Ҳ.О. зарбахӯрии ғайричандирии солитонҳо муайян карда шуд, ки дар илми ҷаҳонӣ бо номи эффекти Абдуллоев-Боголюбский-Маханков машҳур аст. ӯ ҳамчунин намуди беҳтари муодилаи Кортовет-де Вризро пешниҳод намуд, ки бо ёрии ин муодила зарбахӯрии ғайричандирии солитонҳоро айнан тавсиф намудан мумкин аст. Ҳамчунин Абдуллоев Ҳ.О. системаи муодилаҳоеро пешкаш намудааст, ки паҳншавии мавҷҳои спиниро дар мавриди ҷой доштани омехтагӣ ва ҳолатҳои анизотропӣ ифода мекунад ва муодилаҳои ғайрихаттии Шрёдингер, синус-Горден, Ландау-Лифщитс ҳамчун ҳолатҳои хусусӣ аз ин системаи муодилаҳо бармеоянд. Бо сарварии бевоситаи Абдуллоев Ҳ.О. 6 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ дифоъ гардидаанд. Натиҷаи фаъолияти илмии Абдуллоев Ҳ.О. дар 256 мақолаи илмӣ, 3 монографияи илмӣ ба нашр расида, ӯ ҳамчунин муаллифи 6 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Осор[вироиш]

  • Усулҳои физикаи математикӣ. — Душанбе: «Ирфон», 2008, 352 с. (китоби дарсӣ);
  • Консепсияи табиатшиносии муосир. — Душанбе: «Собириён», 2010, 200 с. (китоби дарсӣ);
  • Курси мухтасари муодилаҳои физикаи математикӣ. Душанбе: «Сино», 2007, 236 с. (китоби дарсӣ); Классические нелинейные модели в теории конденсированных сред. — Душанбе: «Дониш», 1989, 189 с. (монография);
  • Введение в теории солитонов. — Душанбе: «Сино», 1996, 148 с. (монография).[1]
  • Классические нелинейные модели в теории конденсированных сред, Д., 1989.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандхои беруна[вироиш]