Ҳабиб Аҳрорӣ
Таърихи таваллуд: | 15 август 1913 |
---|---|
Зодгоҳ: | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт: | 30 ноябр 1983 (70 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳои адабӣ: | |
Ҷоизаҳо: | Нависандаи халқии Тоҷикистон (1998) |
Ҳабиб Аҳрорӣ (15 августи 1913, Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон — 30 ноябри 1983, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — нависанда, тарҷумон. Коркуни хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1973), Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳабиб Аҳрорӣ 15 августи соли 1913 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дида ба олам кушодааст. Соли 1941 Факултети забон ва адабиёти русии Институти педагогии Тошкандро хатм намудааст. Фаъолияти кории худро аз Корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон оғоз намудааст. Солҳои 1942—1948 дар Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст, ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Сармуҳаррири редаксияи барномаҳои тоҷикии Кумитаи радиошунавонии Ӯзбекистон (1948—1950), баъдан тарҷумон ва сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1950—1955), муаллими факултети филологияи Универститети Давлатии Тоҷикистон (1952—1953), ходими каломи илмӣ, мудири шуъбаи тарҷумаи Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон (1955—1957; 1977—1983).
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳрорӣ яке аз муҳаққиқони амалия ва назарияи тарҷумаи бадеӣ буд ва дар ин бобат мақолаҳои ҷолибе таълиф намудааст. Барои театрҳои Тоҷикистон пйесаҳои «Муфаттиш»-и Н. В. Гогол ва «Шаби гирифтани моҳ»-и М. Каримро тарҷума кардааст. Аҳрорӣ инчунин тарҷумони осори классикони марксизм-ленинизм буд. Дар мураттабсозӣ ва таҳрири «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1985) ширкат дошт. Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Нахустин китоби тарҷумакардааш «Гулливер дар байни лилипутҳо»-и Ҷ. Свифт (1936) мебошад. Асарҳои адибони рус Н. В. Гогол («Моҷарои Иван Иванович ва Иван Никифорович», 1940; «Шинел», 1952), А. Фадеев («Торумор», 1949; «Гвардияи ҷавон», ҷилди 1, 1954), ҳикояҳои И. Тургенев, А. Чехов, Максим Горкий, Алексадр Толстой (1964—1968), «Қисмати одам»-и М. Шолохов (1958), «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Н. Толстой (1952—1962) ва ғ-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Баъзе асарҳоро аз адибони Ғарб — Оноре де Балзак, Волтер, Алфред де Мюссе, Виктор Ҳюго, Ги де Мопассан, Стендал ва дигарҳоро ба тоҷикӣ гардондааст. Аҳрорӣ дар тарҷумаҳояш хусусиятҳои услубии асарҳои тарҷумашавандаро риоя кардааст. Забони тарҷумаҳояш фасеҳ аст. Дар нигоҳ доштани балоғати гуфтори нависанда, тасвири ҳолати рӯҳии қаҳрамонон, истифода аз санъатҳои бадеии ташбеҳ, таҷнис, таъбирҳои халқӣ, зарбулмасалу мақолҳо ва ғайра маҳорати фавқулода нишон додааст. Аҳрорӣ муаллифи маҷмуаи ҳикояҳои «Тӯйхӯрии мӯйсафедон» (1984) мебошад.[1]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Орденҳои Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои 1,2);
- «Ситораи Сурх»;
- Нависандаи халқии Тоҷикистон (1998).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сомонаи aslunasl.tj Рӯзҳои ёдбуд дар моҳи август/ Ҳабиб Аҳрорӣ(пайванди дастнорас)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳрорӣ Ҳабиб // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Зодагони 15 август
- Зодагони соли 1913
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 30 ноябр
- Даргузаштагони соли 1983
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XX
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳои Тоҷикистон
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
- Дорандагони ордени Ситораи Сурх
- Адибон аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳои наср ба забони тоҷикӣ
- Нависандагони Тоҷикистон аз рӯи алифбо
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
- Нависандагони халқии Тоҷикистон